Суғд: Мард занро бо пиёла зада ба ҳалокат расонид

 Санаи 29.11.с.2016, тахминан соати 16.30-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматии зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доштан, миёни зани 63-солаи сокини ноҳияи зикргардида ва ҳамзисташ марди 43-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз сабаби дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст.

       Сипас, марди 43-сола бо болғаи дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари зани 63-сола задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

     Нисбати гумонбаршудагони ҳодисаҳои куштор бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳи ҳодисаро дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намояд.

                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *