Суғд: Нархи навзод 3000 доллар

Пулиси вилояти Суғд се нафарро боздошт кардааст бо иттиҳоми хариду фурӯши тифли навзод

Мувофиқи итилоъи мақомои ҳифзи ҳуқуқи вилоят  ин афрод 3 август дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри Бӯстон дастгир шудаанд: “Муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 21-солаи бошандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 август, тахминан соатҳои 11:20 духтарчаи навзодро ба зани 30-солаи сокини шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтаанд”.

Айни замон аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *