Суғд: нияти «ҷиҳод» ҳаёти аъзоёни як оиларо сӯхт

Суди вилояти Суғд баррасии парвандаи 7 узви як хонавода аз ҷамоати Навгилеми Исфараро оғоз кард, ки дар омодагӣ ва кӯшиши пайвастан ба сафи гуруҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» айбдор мешаванд.

Дар миёни айбдоршавандаҳо як зани 71-сола низ ҳаст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин зан ҳамроҳи писари 47-сола, духтар ва келину домодҳояш охирҳои соли гузашта дар марзи Туркияву Сурия боздошт ва ба ватан истирдод шудааст.

Як манбаи огоҳ аз парванда гуфт, феълан ҳафт узви ин хонавода ба ҳайси ҷавобгар дар додгоҳ ҳузур доранд. Мақомот ду узви дигари онро ба далели ноболиғӣ ва бемории рӯҳӣ аз ҷавобгарӣ озод кардаанд.

«Дар асл инҳо 27 хешу табор будаанд, ки соли гузашта дар се мусофирбари хурд ба Сурия мерафтанд. Ду мусофирбар, дар маҷмуъ 18 нафар, марзро гузаштаанд. Ва мусофирбари севумро, ки шомили нуҳ нафар буд, нирӯҳои Туркия боздошт карда, ба Тоҷикистон истирдод карданд», — гуфт манбаъ.

Мақомот ному насаби аъзои хонаводаи мазкурро намегӯянд. Танҳо гуфтанд, ки онҳо ҳангоми бозпурсӣ ва рӯзи аввали мурофиа иқрор карданд, ки барои “ҳиҷрат” ва иштирок дар “ҷиҳод” ба Сурия мерафтанд.

Айбдоршавандаҳо гуфтаанд, дар ватан ҳуқуқи диниашон, аз ҷумла дар мавриди пӯшиши мазҳабӣ, маҳдуд мешуд. Яке аз занони айбдоршаванда гуфтааст, боре ӯро пулиси маҳаллӣ дар бозор дошта, барои даст кашидан аз сатр ва бастани рӯймол ба тарзи оддӣ ташвиқ кард.

Танҳо як духтари ин хонавода аз сафар ба Сурия худдорӣ карда, дар Исфара мондааст.

Ин афрод бо ташвиқи писари 44-солаи хонавода моҳи марти соли 2017 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва аз онҷо ба Туркия рафтаанд. Онҳо дар Қазоқистон ду моҳ ва дар Туркия панҷ моҳ зиста, сипас, ба марзи Сурия рафтаанд. Нуҳ нафари онҳо ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хатайи Туркия ба Идлиб дастгир шуда, 18 тани дигар ба Сурия гузаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *