Суғд: Одоби ронандагон танзим мешавад
Бино ба мушоҳидаҳо солҳои охир вазъи мусофиркашонӣ ва одоби ронандагон дар вилояти Суғд коста гардидааст. Ба хусус бо овози баланд даъват намудани мусофирон ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар дохили шаҳри Хуҷанд то ҷое нигарониҳои ниҳодҳои қудратиро низ ба ҷой гузоштааст.
Муҳаммадалӣ Пардазода, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки прокуратураи вилояти Суғд дар як мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои мусофиркашониро муваззаф намуд то сари ислоҳи ин камбудӣ корбарӣ кунанд.
Ӯ пешниҳод намуд, дар сурати ислоҳ нашудани одоби ронандагон ва дигар қоидавайронкуниҳои мусофиркашонӣ то ҳатто иҷозатномаи ҷамъияте, ки дар он ронанда фаъолият мебарад бозхонда шавад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ