Суғд: Падар духтарро таҷовуз карду гурехт

Дар шаҳри  Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд падар номуси духтари ноболиғашро доғдор кард.

Ба иттилои як манбаъ аз  мақомоти пулиси шаҳр марди гумонбар ба тавовузи духтар сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Алиев Мирзоалим Аъзамовичи 41-сола буда, тӯли чандин сол аст, ки дар шаҳри Гулистон зиндагонӣ мекунад. Аммо ин марди бадахлоқ бо роҳи таҳдид даст ба номуси духтари худ мезанад ва ӯро ҳомила мекунад.

Бино ба гуфти сарчашма ҳодисаи духтари худро мавридии тавоҷуз қарор додани падар чанд моҳ  қабл сурат гирифта, баъди ҳомила шудани духтар ва барои ба исқоти ҳамл ӯро ба беморхона бурдани падар ин ҷинояти нангин ошкор мегардад.

Санаҳои 23-24апрел мард аз ҷониби командони ШВКД-и шаҳри Гулистон боздошт мешавад, аммо  баъди пурсуҷу, саоти 16:20 дақиқаи бегоҳии 24. 02. 2018  ҳангоми ба СИЗО бурдан дар роҳ аз нақлиёт фаромада мегурезад.  Ӯро баъди ҷустуҷӯҳои шабонарӯзӣ, санаи 25 соати 17:10 дақиқа аз майдони Регистони Панҷшанбе боздошт мекунанд. Айни ҳол нисбати ин мард бо моддаи 138 қисми 3-и КҶ Ҷт парвандаи ҷинот оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Идомаро дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *