Суғд: Писари падаркуш майзада буд
Санаи 13-уми сентябр марди 40-солаи хистеварзӣ, Зариф Ҷумъаев, падари 65-солааш, Самад Ҷумъаевро бо зарби 5 корд ба ҳалокат расонид, ки ин дуюмин ҳодисаи падаркушӣ дар давоми ду рӯзи моҳи ҷорӣ буд.
Ин ҳодисаи кушторро раиси ҷамоати Хистеварз, Ҳакимзода Маъруфҷон Маҳмудӣ ба носолим будани оилаи Ҷумъаевҳо рабт дода гуфт:- Дар ҳақиқат оилаи Ҷумъаевҳо оилаи носилм буд ва соли гузашта мо он оиларо ҳамчун оилаи носолим дар дафтари ҷамоат қайд кардем. Умуман вазифаи ҳар яки мо кормандани ҷамоат пеш аз ҳама оилаҳои носолимро ба созиш овардан ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш аст. Шахсан ман ҳамчун раиси ҷамоат чанд бор сари муросо овардани ин оила корбарӣ кардам. Вале на падар сари муросо омаду на писар. Сабабгори асосии тамоми мусибатҳои ба сари ин оила омада майзада будани писар ва тарбияи нодурусти падар буд…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ