Суғд: Рақами 909 тарзи кори 14 корманди андозро фош сохт

  Рақами ягонаи иттилоотии 909-и Раёсати андоз дар вилояти Суғд, ки ҳамагӣ шаш моҳ инҷониб амал мекунад то ҷое тарзи кор дар ин ниҳодро ба танзим даровардааст. Бахтиёр Султон, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ  гуфт: «Мӯҳтарам андозсупоранда дар ҳолати аз ҷониби Шумо ошкор шудани он ки корманди мақомоти андоз аз доираи ваколатҳояш берун барояд ба рақами ягонаи иттилоотии 909 занг занед.»

Бино ба гуфти Бахтиёр Султон тариқи ин рақам беш аз 200 муроҷиати андозсупорандагон ба қайд гирифта шудааст, ки дар 14 ҳолат шикоятҳо дар мавриди аз ҳади ваколати хизматӣ берун баромадани андозчиён ҳам буд.

«Дар ҳақиқат 5 нафарро муайян намуда нисбаташон чораҳои интизомӣ андешидем. Ғайр аз ин бо моддаи 314 аз ҳади ваколатҳо гузаштан се нафар корманди мақомоти андоз ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.»

                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *