Суғд: Семенар барои кормандони Раёсат
Ба иттилои Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10-ум то 20-уми октябри соли равон дар Раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семенари омӯзишӣ барои кормандони Раёсат баргузор мегардад. Семенари мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакет бо дастгирии молиявии намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар асоси бандҳои дахлдори Гурӯҳи байналмилалии корӣ доир мешавад.
Ҳадафи ӣаргузории семенар пеш аз ҳама такмили ихтисос барои кормандони АНМН дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Семенар 48 нафар кормандони Раёсатро фарогир будан ба онҳо масъулини собиқадор ва устодони Маркази таълимии агентӣ аз рӯи машғулиятҳои оперативӣ ва тактикаҳои гуногун дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар омӯзиш медиҳанд. Иштирокчиён пас аз анҷоми семенар соҳиби сертификат мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ