Суғд: Табобати ғайриқонунии табиби халқӣ ошкор шуд

Дар давоми 9 моҳ   190 протоколи ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби  кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати       давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд нисбат ба табибони халқӣ ва табобати ғайриқонунӣ  тартиб дода шудааст.  Ба гуфти собиқ муовини сардори хадамот-Марҳабо Аҳророва аксари парвандаҳо  аз сабаби ба табобати ғайриқонунӣ машғул будани баъзе аз табибони халқӣ  ва ё ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй набудани макони табобат тартиб дода шудааст.

Яке аз чунин ҳолатҳо санаи 17.09.2018 дар натиҷаи рейди якҷояи кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд  ва МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд ошкор  карда шуд. Маълум гардид, ки шаҳрванд Фирдавс  Раҳматов дар хонаи истиқоматияш, ки иборат аз ду ҳуҷра аст ва дар он ҷо се оила бар сар мебаранд ба фаъолияти  тиббӣ-халқӣ (ҳиҷома ) машғул аст…

Ҳиҷома чист? Оё фаъолияти чунин табибон қонунӣ аст?  Баъди ошкор шудани камбудиҳо масъулин нисбат ба Раҳматов чи чора андешиданд? Табибоне,  ки ба ин навъи табобат машғуланд чӣ қадар ҷариманбандӣ   мешаванд? Киҳо бештар ба табобати ҳиҷома рӯй  меоранд?…

Ба ин ва дигар саволҳои худ дар шумораи баъдии ҳафтаномаи  “Тоҷикистон”  ҷавоб пайдо кунед.                                                                                                           Фарзона Муродӣ  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *