Суғд: Вафти се нафар аз дарди гурда
Дар вилояти Суғд 30 нафар аз бемории гурда азият мекашанд, ки бино ба гуфти духтурони ҳемодиализ дар як ҳафта ду маротиба заҳри таркиби хунашон тоза карда мешавад. Оғози соли ҷорӣ дар беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд нахустин бор амалиёти ҷарроҳӣ ва ивази гурда гузаронида шуд, ки давоми сол 3 нафар дар пайи ин амалиёт шифо ёфтаанд.
Аммо 3 нафар аз беморони илати гурда дошта дар пайи натавонистаанд муолиҷаи саривақтӣ ба ҳалокат расидаанд. Зеро муолиҷаи ин беморӣ гаронарзиш буда оғози соли ҷорӣ духтурон гуфта буданд, ки барои ҷарроҳӣ ва ивази гурда дар Тоҷикистон ҳар бемор аз 47 то 49 ҳазор сомонӣ бояд харҷ кунад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ