“Субҳ”-и Исроил рӯзи Фаластинро сиёҳ кард
Ҳафтаи равон артиши Исроил амалиёти «Субҳ»-ро, ки ҳадафаш аз байн бурдани раҳбарони гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ”-и Фаластин буд, оғоз кард. Дар оғози ин амалиёти хунин 32 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Нашрияи мустақили “Dell»-и Олмон менависад, ки «Субҳ”-и Исроил рӯзи Фаластинро сиёҳ кард.
Неруҳои дифоии Исроил аз кушта шудани Холид Мансур, яке аз фармондеҳони низомии гуруҳи «Ҷиҳоди исломӣ» дар навори Ғазза хабар доданд. Мансур дуввумин фармондеҳи муҳимтарин дар созмон маҳсуб мешуд. Ӯ масъули фаъолиятҳои ин гуруҳ дар қисмати ҷанубии навори Ғазза буд. Тайсар ал-Ҷаборӣ, ки рӯзи ҷумъа кушта шуд, масъули ин гуруҳ дар шимол буд. Ҳамроҳ бо Мансур муовини ӯ Зиёд Мадалол ва як фармондеҳи дигари гуруҳ бо номи Хаттоб Амоссӣ низ кушта шуданд.
Рӯзи душанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милал роҷеъ ба ташдиди низоъ дар навори Ғазза ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунад.
Исроил эълон карда буд, ки ин тасмимро ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мушакии ҷангҷӯёни гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ” гирифтааст.
Низомиёни Исроил аз ин пеш, рӯзи 6-уми август ба се бинои истиқоматӣ дар Ғазза зарба заданд, ки яке аз онҳо пурра хароб шуд. Мақомот дар Ғазза эълон кард, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 6-уми августи Исроил 12 нафар ҳалок ва 84 нафар захмӣ шудааст.
Дар посух аз хоки Ғазза рӯзи 6-уми август 160 бор ба Исроил ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт. Исроил аз натиҷаи ин ҳамлаҳо хабар надод. Зоҳиран, аксари мушакҳоро сохтори дифои ҳавоии Исроил безарар кардааст.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ҳукумати Миср ва Қатар ба қатъи ҳамлаҳо даъват карданд.
Шаби 5-уми август Исроил барои қатли Тайсар ал-Ҷаборӣ, раҳбари як бахши гуруҳи “Ҷиҳоди ислом” амалиёт анҷом дод. Ин гуруҳ марги фармондеҳи худро тасдиқ кард. Ал-Ҷаборӣ ҳамкории миёни “Ҷиҳоди ислом” ва гуруҳи ҲАМОС-ро ба роҳ мемонд. Исроил ӯро дар ҳамлаҳои зиёди мушакӣ ба хоки Исроил айбдор медонад.
Амалиёти Исроил алайҳи гуруҳи «Ҷиҳоди исломӣ» зоҳиран оромии нисбӣ дар сарҳади Фаластин ва Исроилро аз байн бурдааст. Дар инҷо охирин задухӯрди шадид моҳи майи соли 2021 буд, ки 11 рӯз давом кард ва 260 нафар кушта шуд.
Тақрибан 2,3 миллион фаластинӣ дар минтақаи борики соҳилии навори Ғазза зиндагӣ мекунанд. Исроил ва Миср ба далели нигарониҳои амниятӣ марзи ин минтақаи дар муҳосира қарордоштаро маҳдуд кардаанд. Исроил ҳам рӯзи 5-уми август интиқоли сӯзишворӣ ба ин минтақаро қатъ кард ва ягона нерӯгоҳи Ғазза аз кор монд.
Исроил чораҳои амниятиро шадидтар намуда, эълон кардааст, ки 25 ҳазор афсари эҳтиётиро ба артиш даъват мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ