Субҳи бебарори Дилбар
Имрӯз кормандони Иҷрочиёни хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент, як зани танҳоро, ки волидонаш берун аз Тоҷикистон ҳастанду бо ду ноболиғаш дар хонаи онҳо ба сар мебурд, аз хонаи падару модараш зӯран берун намуда, кӯчу борашро ҳам аз хона бароварданд.
Новобаста аз он, ки қонун дахлнопазирии манзилро кафолат додааст, вале ба гуфтаи Дилбар Азизова, ҳамон зани иҷборан аз хонаи волидонаш рондашуда, иҷрочиёни суд ба монеъагӣ ва хоҳиши ӯ то омадани волдонаш нигоҳ накарда, мехоҳанд зӯран вориди манзили онҳо гардиданд ва кӯчу бор ва ҷиҳози хонаи онҳоро бароварда ба мошин бор кунанд.
Шоҳидон ва ҳамсоягони Дилбар мегӯянд, дар ин асно ӯ аз гиряву кашокаши зиёд ҳолаш сахт бад шуда, қариб аз ҳуш меравад ва кормандони тиб бо мошини Ёрии таъҷилӣ ӯро ба беморхона мебаранд. Духтараи хурдсоли ноболиғаш ин ҳоли модарашро дида доду фиғон мебардорад ва шояд табиист, ки тарсида ҳам бошаду ба рӯҳияи тифл бетаъсир намонад.
“Қонундон”-ҳо қонунро вайрон мекунанд
Манзиле, ки Дилбар Азизова, истиқомат дошт, ба падару модари ӯ таллуқ дорад ва касе дар набудани онҳо аз рӯи қонун наметавонад ба хонаашон зӯран ворид шавад.
Моддаи 22-и Конститутсия. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
Дар ҳоле, ки Дилбар Азизова дар беморхона буд, иҷрочиёни суд ба хонаи онҳо медароянд ва ҷиҳози хонаашонро аз манзил берун ва ба мошин бор мекунанд.
Бояд зикр намоям, ки чун рӯзноманигор дар ҷои ҳодиса қарор доштам ва рафти ҳодисаро ба навор мегирифтам. Як нафар аз кормандони милитсия пурсид, ки кӣ ҳастаму барои чи сабт мекунам. Гуфтам журналистам. Баъдан иҷрочиёни суд пурсиданд, гуфтам барои матбуот сабт мекунам. Якеаш гуфт, (!) матбуоташ чи?
Хоснатанд монеъагӣ кунанд ва телефонамро аз дастам гиранд, аммо натавонистанд. Иҷрочии калони хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент Назарзода ва як нафари дигар гуфтанд, бе иҷозати мо ҳуқуқ надори сабт кунӣ. Гуфтам ба ман қонун иҷзат додааст:
Моддаи 30-и Конститутсия. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
Дар ин ҳодиса ягон сири давлатӣ набуду нест!
Таърихи баҳс
Баҳси манзил байни Азизов Маҳмуд ва Ниёзмаликов Ҷӯъмабой аз солҳои 1996-97 оғоз шуда аст. Ҳукумати маҳаллии шаҳри Панҷакент, ҳамон солҳо собиқ бинои идораи муҳофиза (отдел охрана)-и шаҳрро ба тавозуни худ гирифта, ба ин ду нафар ордер медиҳанд.
Аммо Ниёзмаликов Ҷӯъмабой даъво мекунад, ки манзилҳои Азизов Маҳмуд ҳам ба ӯ таалуқ дораду инҳо худсарона ба хонаи ӯ нишастаанд.
Аммо дар бойгонии шаҳри Панҷакент, чи тавре ба Азизов Маҳмуд маълумотнома додаанд, ягон ордер ба номи Ниёзмаликов Ҷӯъмабой аз соли 1993 то 2001 дарҳамон кӯчае, ки истиқомат мекунад мавҷуд набудааст.
Аз ободӣ ба вайрона?
Аҷибии кор дар он аст, ки бо гузашти чанд сол, танҳо соли 2001 Ниёзмаликов ба суд муроҷиат мекунад ва суд ҳалнома мебарорад, ки бо таъмин кардани манзили истиқоматӣ Азизов Маҳмуд аз манзил бароварда шавад.
Ҳукумати шаҳри Панҷакент ҳам берун аз шаҳр 0,6 Га замин ва мабла ҷудо мекунад барои сохтмони манзил.
Хонаводаи Азизов Маҳмуд мегӯянд, чаро бо гузашти қариб 20 сол касе онҳоро огоҳ накард ва напурсиду имрӯз онҳоро мебароранд ва муҳимтар аз ҳама, имрӯза манзиле, ки ба онҳо ҷудо шудааст, ягон шароит надорад. На об, на дару девор, аз шаҳр берун ва аз ҳама асосаш ягон ҳуҷҷат надорад.
Мо ин хонаро зиёда аз 20 сол обод кардем, обу канализатсия гузаронидем, дару тиреза шинонидем…
Хуршед Фозилов, шаҳри Панҷакент
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ