Суд қарори гирифтани заминҳои домоди президентро баровард

Суди ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 27-уми январ ду қарори раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро ғайриқонунӣ донист, ки дар солҳои 2018 ва 2019 содир шудаанд. Бино ба як қарори Ортиқхоҷаев, 6 га замини ноҳияи Юнусободи Тошканд, ки дар он чанд ширкати тиҷорӣ ҷойгир буд, барои эҳтиёҷоти давлатӣ баргардонида шуд.
Шаҳрдори Тошканд рӯзи 31 декабри соли 2019 бо як қарори дигар замини мазкурро ба ширкати хусусии «Urban Developers» дод.
Ҳамакнун суд, ин қарорро ғайриқонунӣ эътироф кард.
Ба навиштаи расонаҳо, ширкати «Urban Developers» ба Ойбек Турсунов, домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рабт дорад.
45 соҳибкоре, ки дар 6 га замини ноҳияи Юнусобод коргоҳ ва дукон доштанд, ба суд муроҷиат ва дархости бекор кардани қарори раиси шаҳрро карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *