Суд қуръапартоӣ мекунад. Ё чаро аз бегуноҳе гунаҳкор месозанд?

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Зиёда аз шаш моҳ мешавад, ки касе ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ман тибқи қонун ва аз рӯи адолат муносибат намекунад. Маро суди ноҳияи Шаҳринав бе далел бо “гуноҳ” и ғасби замини наздиҳавлигиям ва сохтмони худсарона ғайриқонунӣ айбдор намуд.

Мушкилот дар дониши судяҳост ё адолати судӣ?

Санаи 28-уми декабри соли 2020 маро ба идораи суди ноҳияи Шаҳринав тариқи телефонӣ даъват намуданд, ҳозир шудам, гуфтанд, ки мурофиаи шумо рӯзи 5-уми январи соли 2021, соати 14:00 оғоз мешавад ва ба ман “даъватномаи судӣ” барои ширкат намудан, дар мурофиа доданд. Ман тибқи даъватномаи судӣ санаи 5-уми январи соли 2021 ба идораи суди ноҳияи Шаҳринав ҳозир шудам, раисикунандаи мурофиа бо сабабҳои номаълум ҳозир нашуд ва мурофиаро ба рӯзи 6-уми январ, соати 9:00 гузоштанд, рӯзи дигар низ аз соати 8:00 то соати 12:00 мунтазир шудам, боз мурофиа бо сабабҳои номаълум оғоз нашуд. Санаи 7-уми январ низ мурофиа бинобар иттилои котиби суд гӯё, ки бо сабаби наомадани айбдоркунандаи давлатӣ оғоз нашуд. Ҳамин тавр, санаи 8-уми январ маро соати 9:00 даъват карданд, раисикунандаи мурофиаи судӣ гуфт, ки аризаи шумо аз Суди Олӣ барои дар дигар ҷой гузаронидани мурофиа ворид шуд, ҳоло мо баррасӣ накардем, аз чӣ шумо норозиед? Гуфтам, намехоҳам, ки бо ин бепарвогӣ ва беҳамиятие, ки нисбати ҳаёти инсон доред, масъалаи маро баррасӣ кунед. Маро чанд рӯз саргардон намуданд, вақти қиматамро гирифтанд, дар сурати иштирок накардани иштирокчиёни мурофиа ҷарима пешниҳод шудааст, дар  сурати иштирок накардани судяҳо чӣ?

Суди ноҳияи Шаҳринав ба аризаи ман эътибор надода, маро гуфт, аризае нависам, то мурофиа дар суди ноҳияи Шаҳринав баррасӣ шавад.

 Ҳамон тавре ки мехостанд, маҷбуран розигии маро гирифтанду мурофиаро оғоз намуданд. Мурофиа  дар кабинети кории раиси суди ноҳияи Шаҳринав бо ҳузури раисикунанда Саидзода М.Ш., котиб  Мирзозода М. ва намояндаи ҷабрдида  Ҷумагули Д., оғоз гардид.

Чаро суд мехоҳад аз бегуноҳе гунаҳгор созад?

 Ман ба сифати айбдоршаванда чунин нишондод додам, ки мо ин заминро аз солҳои пеш дар ихтиёр дорем ва ин замин дар асоси қарори маҷлиси умумии аъзоёни колхози “Ленинград”-и н. Ҳисор аз 22-юми январи соли 1984 ба падарам Сатторов Ҷаббор вобаста карда шудааст. Ва дар дафтари хоҷагии ҷамоати деҳоти Чуст аз соли 2008 дар хоҷагии алоҳида ба номи ман Сатторов Ҳ., ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондоди маро Ҷумагули Д.,  муовини раиси кумитаи замин дар ноҳияи Шаҳринав ба сифати намояндаи ҷабрдида тасдиқ кард, ки замини мазкур аз солҳои пеш тибқи харитаи заминистифодабарӣ ба оилаи Сатторовҳо тааллуқ дорад ва барои пешниҳод накардани сертификат, мо ӯро бо моддаи 148-и КҲМ ҶТ ҷарима намудем. Суди ноҳияи Шаҳринав дар рӯзи аввали муҳокима пай бурд, ки ман бегуноҳам ва инро нишондоди худам ва Ҷумагули Д., муовини кумитаи замини ноҳияи Шаҳринав исбот менамояд. Суди ноҳияи Шаҳринав  бо далелҳои овардашуда бовар накарда, муҳокимаро ба рӯзи дигар гузошт.

Рӯзи дигари мурофиа суд ба сифати шоҳид Олимов Х. ва раиси маҳалла Холов А.-ро даъват намуд. Шоҳидон Олимов Х., Холов А. низ чунин нишондод доданд, ки замини мазкур аз солҳои пеш ба оилаи Сатторовҳо тааллуқ дошт ва пештар заминро Юлдошев Раҳмон истифода менамуд, баъд аз Юлдошев Р., ҷиянаш Сатторов Ҷ., падари айбдоршаванда истифода мекунад. Аммо суди ноҳияи Шаҳринав ё дидаву дониста ва ё барқасдона баъзе аз қисмати нишондодҳоро ғалат навиштааст. Масалан, Олимов Х. ва Холов А. нагуфтанд, ки “мо ёд надорем, ин заминро Юлдошев Р., истифода бурда бошад”, инро суди ноҳияи Шаҳринав худсарона навиштааст. Ғайр аз ин, ба ҳайси  шоҳид Шарифзода Ҳ., раиси кумитаи замини ноҳияи Шаҳринав даъват карда шуд. Номбурда низ тасдиқ намуд, ки замин дар асоси харитаи заминистифодабарии ноҳияи Шаҳринав, ки  дар соли 2014-2016 гузаронида шудааст, ба Сатторовҳо тааллуқ дорад. Ин ҳама нишондодҳо бегуноҳии маро исбот мекарданд. Суди ноҳияи Шаҳринав боз ҳам воқеиятро қабул накард. Сипас, Шарифзода Ҳ., пешниҳод намуд, ки қарор барои дурустӣ аз бойгонӣ дархост карда шавад. Бо ҳамин суд мурофиаро то дастрас намудани хулосаи бойгонӣ ба рӯзи дигар таъйин намуд. Хушбахтона, бойгонӣ нусхаи қарорро ба суд ирсол дошт, ки ба ҷонибдории ман буд. Боз суди ноҳия қонеъ нашуд, заминсози ҷамоати деҳоти Чуст Нозимов Ҳ. ва раиси ҷамоати деҳоти Чуст Гулов Б.-ро ба сифати шоҳид даъват намуд, инҳо низ тасдиқ намуданд, ки замин ба оилаи Сатторовҳо тааллуқ дорад ва дар китоби ҷамоат ба оилаи онҳо номнавис шудааст. Аммо боз суд қонеъ нашуд. Бо мақсади одилона баррасӣ шудани мурофиа ба суд дархост кардам, ки ба сифати шоҳид, калонсолони деҳа пурсида шаванд, лек дархостамро суд рад кард. 

Ҳукми Суди ноҳияи Шаҳринав дар таҳрири Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ

«Бояд зикр намуд, ки дар матни Ҳукми Суди ноҳияи Шаҳринав дар ҳайати раисикунанда Саидзода М.Ш. ва котиб Мирзозода М.Ҳ. қисман талаботи муқаррароти қисми 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аломатҳои китобат, нодуруст истифода бурдани пешояндҳои номии таркибии «оид ба», «нисбат ба» дар шакли «оиди», «нисбати», ҳамчунин, камбудиҳои техникӣ ва услуби аз ҷониби масъулон риоя нагардидааст, ки Кумита таҳлили онро дар матни Ҳукм овардааст».

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қуръапартоии  раиси суд

Суд ғазаболуд гуфт, ман вақт надорам ҳамаи шоҳидони дархосткардаи туро шунавам, агар ҳамаи шоҳидон замин аз они  шумо гӯянд, замин аз шумо намешавад. “Аз 10 нафар шоҳидони дархостшуда танҳо як нафарашро даъват мекунам”,- гуфт суд. Аз ҳама  шахси калонсоли деҳа Қурбонов Қ.-ро интихоб намудам. Қурбонов Қ. баръало шаҳодат дод, ки замин худсарона ғасб нашуда, ба оилаи Сатторовҳо тааллуқ дорад.

 Дар рафти баррасӣ шоҳидон тасдиқ намуданд, ки замини   Сатторов Ҳ. худсарона ғасб нашудааст. Суд иқрор шуда, менависад: “Муддати 60 сол аст, ки заминро оилаи Сатторовҳо истифода мекунанд, андозро месупоранд ва ин замин аз қадим ба авлоди онҳо тааллуқ доштааст, дар китоби ҷамоат низ ба номи Сатторовҳо ба қайд гирифта шуда будааст (ҳукм). Аммо, суд ин ҳақиқатро қобили қабул надониста, боз нишондоди Ҷумагули Д., шоҳидон Олимов Х., Холов А., Нозимов Ҳ. ва Шарифзода Ҳ., ки дар боло тасдиқи ҷой надоштани ғасбро гуфта буданд, рад намуд. Суд аз нишондоди Ҷумагули Д., дар рафти мурофиа маълум намудааст, ки қарори колхоз оид ба гузаронидани замини Юлдошев Р. ба номи Сатторов Ҷ. ба замини баҳсӣ алоқа надорад, зеро дар он масоҳати замин, ҳамсарҳадон нишон дода нашудааст. Ба суд барои исботи сухани ғайриқонунии Ҷумагули Д., намунаҳои қарорҳои айнан ҳамонсолаи колхозро пешниҳод намудам, ки мисли қарори ман буд. Суд далели беасоси Ҷумагули Д.-ро қабул карду далели асосноки маро не. Ғайр аз ин, суд дар асоси нишондоди Нозимов Ҳ., заминсози деҳоти Чуст, ҳуҷҷатҳои қонунии маро ғайриқонунӣ рад карда, чунин менависад. Нишондоди Нозимов Ҳ., маълум намуд, ки маълумотномаи ҷамоати деҳоти Чуст ҳуқуқмуайянкунанда намебошад. Аммо ман дар асоси Қонуни Конститутсионӣ дар бораи мақомоти маҳаллӣ, оид ба ҳуқуқӣ будани маълумотномаҳои ҷамоат барои бақайдгирӣ, шаҳодатномаи таваллуд, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва гирифтани шиносномаи миллии шаҳрвандӣ (паспорт),  ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқтасдиқкунандаи шахсият нақши асосӣ дошта, бе пешниҳоди маълумотномаҳои ҷамоат дода намешаванд.

Суд нишондоди Шарифзода Ҳ.-ро чунин асос менамояд, ки Сатторов Ҳ. ягон ҳуҷҷати ҳуқуқтасдиқкунанда надоштааст ва то соли 2008 колхозҳо ҳуқуқи додани заминро надоштаанду ба ҷамоатҳо пешниҳод мекардаанд ва ҷамоатҳо бошад, бо қарори худ заминро ба соҳибаш вобаста мекардаанд. Савол: Агар колхозҳо қарор намедоданд, аз куҷо ин қарорҳо пайдо шуданд? Суд сухани бемантиқона ва дур аз ҳақиқати  қонуни Шарифзода Ҳ.-ро қабул намуду муқаррароти банди 2-и сархати 7-и Қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти №2 аз 25 июни 2004 «Дар маҳалҳои деҳот маълумотномаҳои дахлдори ҷамоатҳо, ки қарорҳои колхоз ва совхозҳоро оид ба ҷудо намудани қитъаи замин тасдиқ менамоянд, аз мансубияти хона шаҳодат дода метавонад»,-ро нодида гирифт.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ

Бо умеди адолатҷӯӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман дар асоси қонун, аризаи кассатсионӣ ба унвонии Суди Олӣ навиштаму ғалатҳои ҳукмро бо далелҳои қатъии қонунӣ, ки ман гуноҳ надорам ва заминро худсарона ғасб накардаам,  муроҷиат намудаам.

Суди Олӣ баррасии шикояти кассатсионии маро 9-уми март дар ҳайати раисикунанда Азиззода З.Н., судяҳо Кенҷазода М.Т., Ғуломзода С.С., ҳимоятгар Нуриддинов Б. оғоз намуд. Дар рафти мурофиаи кассатсионӣ раисикунанда Азиззода З.Н., судяҳо Кенҷазода М.Т., Ғуломзода С.С. ба ҳуҷҷатҳои парвандаи танзими замин, ки ман пешниҳод намудам, хостанд мисли суди ноҳияи Шаҳринав эътибор надиҳанд. Вале ман хоҳиш намудам, ки ба ҳуҷҷатҳои ман таваҷҷуҳ намоянд, зеро ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда дар асоси қонун ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд ва яке аз он қарорҳо шахсан аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Дар вақти баррасӣ судяҳои Суди Олӣ ба бегуноҳии ман боварӣ ҳосил карданд. Аммо онҳо такя ба як рақами ғалате, ки пештар содир шудаву  баъдтар дар нусхаҳои аслӣ ислоҳ шудааст, часпиданду мурофиаро таваққуф намуданд. Шуруъ аз раисикунанда Азиззода З.Н., судяҳо Кенҷазода М.Т., Ғуломзода С.С. бо шитобкорӣ гӯё ғасби худсаронаро ёфта бошанд, баррасиро беадолатона ва бебаррасии мӯшикофона анҷом доданд. Ин рақами хато саҳван ба ҷои 0,12 га дар замимаи қарор 0,8 га навишта шуда буд. Дар бораи ин саҳв маълумотномаи ҷамоат вуҷуд дошт, аммо суд онро ба инобат нагирифт.

Аз баргузории шикояти кассатсионӣ 23 рӯз сипарӣ гашт, вале бароям нусхаи “Таъйинот”-ро надоданд. То 29 март мустақиман ба назди Ғуломзода С.С. рафтам, ӯ чун маро медид, рӯзи дигар  биёед, мегуфт. Рӯзи дигар боз ба назди Ғуломзода С.С. омадам.  Гуфт, ки “Таъйинот”-ро тариқи почта мефиристем. Хоҳиш кардам, ки як моҳ саргардон кардед, ақалан як нусхаашро ба дастам диҳед, чӣ фарқ дорад, ки ман онро гирам ё ба тариқи почта  ояд.

Бо ҳазору як  хоҳиш “Таъйинот”-и марҳилаи кассатсиониро гирифтаму назди Ғуломзода С.С. нишастам, танҳо ҳамин судя муомилаи хуб дошт, дигар судяҳо маро дидан намехостанд. Судя ба саволҳои додаам аз диди қонун, ки ман ҳақ будам, посух дода наметавонист, ба ҳамаи саволҳоям сукут карданро афзал донист ва дар ниҳоят гуфт, ки ман дар марҳилаи назоратӣ мегӯям, ки ба ҳуҷҷатҳо диққат диҳанд, дар ҳоле, ки кӯмакам накард, аммо барои шунидани ҳарфҳои дилам аз Ғуломзода С.С. миннатдорам.

Агар гуноҳ наёбанд, думи сагат каҷ мегӯянд

Бо умеди ғалабаи адолат ба марҳилаи назоратии Суди Олӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки  ғалати ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав ва марҳилаи кассатсиониро исбот менамуданд, пешниҳод намудам. Ва ҳуҷҷатҳои заруриро замима намудам. Баъди як моҳи баррасӣ Аҳмадзода Ҷ.А., судяи Суди Олӣ қарор дар бораи беқаноат монондани шикояти назоратии ман содир намуд, ки бо далелҳои хандаовар маро дар ҳайрат гузошту “эҳтирому арҷгузориям”-ро нисбат ба судяҳои Суди Олии кишвар дучанд намуд. Судя Аҳмадзода Ҷ.А. “бо дониши амиқ ва таҷрибаи кофӣ” қарорро бо далелҳои зерин асоснок намудааст: 1) Яъне ду маротиба Сатторов Ҳ. ба бойгонӣ дар бораи қарор муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифтааст ва маротибаи 3-юм қарор пайдо шудааст. 2) Ҳуҷҷатҳои Сатторов Ҳ. нусхабардорӣ ва бо тарзи дахлдор тасдиқ нашудаанд.

Он ҳуҷҷатҳои ба таври дахлдор тасдиқнамудаи ирсолшуда ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ инҳоянд: Қарори колхози «Ленинград»-и н.Ҳисор аз 22-юми январи соли 1984, парвандаи танзими замин аз соли 2008, Қарори раиси ҷамоати деҳоти Чузӣ аз 28.03.2008, нусхаи харитаи маҳал аз соли 2008, нақшаи замини наздиҳавлигӣ аз соли 2008, Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №554, Қарори раиси ноҳияи Шаҳринав аз 4-уми апрели соли 2017, №91, Қарори раиси ҷамоати деҳоти Чуст аз 29-уми марти соли 2017,№17, шиносномаи техникӣ, лоиҳаи ангоравии кумитаи меъморӣ ва мактубҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳабибулло Сатторов, омӯзгор, муаллифи мақола

Таҳдид

Дар ҳоле, ки аризаи ман дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ аст ва ман бо раёсати олии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз муовини аввал, Лутфуллозода Шавкат, муовин Исҳоқӣ Амирхон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён суҳбат кардам ва аризаамро барои баррасии мӯшикофона дар доираи қонун қабул намуданд, суди ноҳияи Шаҳринав инро умуман ба назар нагирифта, гиребонамро раҳо накард, дар ҳоле, ки маро ғайриқонунӣ маҳкум сохт, судиҷрочиҳоро маҷбур намуд, ки маро рӯз надиҳанд, то маблағро насупорам, дар ҳоле, ки 6600 сомониро дар давоми 6 моҳ супорида будам ва гуфтам, ки омӯзгор ҳастам, маошам кам аст, зиндагӣ дорам, 5 моҳ иҷозат диҳед, пардохт мекунам, саркашӣ накардаам. Чаро маро ин қадар суди ноҳия азоб дод,  намефаҳмам. Магар адолати судӣ ҳамин аст? Суди ноҳияи Шаҳринав пешниҳоди Хадамоти иҷроро, ки шароитамро ба назар гирифта, барои 5 моҳ  муҳлатро тамдид намудан, ирсол дошт, рад намуд. То рӯзи шанбе дар давоми 2 рӯз пардохт кун, набошад тағйири ҷазо намуда, ҳабс мекунем гуфта, маро таҳдид карданд.  Маҷбур қарз карда супоридам. Ана, чунин аст адолати судӣ дар ноҳияи Шаҳринав.

Ҳабибулло Сатторов, омӯзгор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *