Суд ҳукми писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро содир кард

Саидаҳмад Раҳимов, писари гӯштингири маъруфи тоҷик, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо аз Тоҷикистон Саидмуъмин Раҳимов  барои даст доштан дар куштор гунаҳкор ва 20 сол равонаи зиндон шуд.

Ҳукми Саидаҳмад Раҳимов  10-уми ноябр аз ҷони Суди шаҳри Душанбе содир шудааст.

Фирдавс Субҳонзод, вакили дифои Саидаҳмад Раҳимов пас аз эълони ҳукми суд ба “Озодӣ” гуфтааст, ки зерҳимояааш дар мурофиаи додгоҳӣ аз кирдораш изҳори пушаймонӣ кард ва хоҳиш намуд ҷавонӣ, доштани фарзанди ноболиғ ва саробони хонавода буданашро ба назар гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.

«Аз тарафи хешовандони зерҳимояам ба наздикони ҷабрдида 52 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ дода шуд, ки онҳо баъди қабули ин маблағ аз даъво даст мекашанд, аммо ба гуфтаи худ наистоданд»,-афзудааст Фирдавс Субҳонзод.

Дар ҳамин ҳол, даъвои пулгирӣ ва даст кашидани аз даъворо хонаводаи Муҳаммадҷовид Зокирзода, ҷавони кушташуда рад карда, гуфтаанд, аз ҳукми суд розианд ва ин ҳам ба хотири кӯдаки ноболиғ доштани Саидаҳмад Раҳимов аст.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Саидаҳмад Раҳимови 22-сола, писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов ба гумони даст доштан дар куштори Маҳаммадҷовид Зокирзода, шиноси худ ва сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб боздошт шуд.

Ҳодисаи куштори Муҳаммадҷовид Зокирзода  5 августи соли равон рух дода,  ӯ бо 17 зарбаи корд кушта шудааст.

Дар  гузориши ВКД гуфта мешуд, зимни тафтишот муайян гардид, ки гумонбаршуда ва фавтида байни худ муносибатҳои молиявӣ доштаанд. Қарзи пулӣ ба муноқиша бо анҷоми хунин боис гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *