Суд Қадами Қурбонро “хурсанд кард”

Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) овозхон Қадами Қурбонро бо ҷурми нақзи қонуни танзими анъана 3 ҳазор сомонӣ (муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ) ҷарима кард. Қадами Қурбон, сокини 48-солаи ҷамоати Ҷагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бештар бо иҷрои тарона ва рафторҳои аҷибаш дар шабакаҳои интернетӣ маъруф аст.

Айб – пул часпондан ба раққоса

Бобомурод Наҷмиддинзода – як масъули додгоҳ – рӯзи 20-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Қадами Қурбон барои пул часпондан ба як раққоса гунаҳкор дониста шуд. Вай гуфт, ки навори видеоии ин саҳна дар Ютуб нашр шудааст. Қонуни танзими анаъана ва ҷашну маросими миллӣ, ки соли 2007 қабул шуд, дар баробари маҳдудиятҳои дигар, аз ҷумла, пулдиҳӣ дар маъракаро комилан манъ мекунад.Масъули додгоҳ афзуд, “ӯ бар асоси моддаи 481-и Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим айбдор дониста шуд. Ин модда беш аз 5 ҳазор сомонӣ ҷаримаро дар назар дорад. Аммо дар мурофиа вазъи зиндагӣ ва сароянда буданашро ба назар гирифтанд. Хотирашро диданд ва се ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд”.Бобомурод Наҷмиддинзода гуфт, ки додрас Қадами Қурбонро муваззаф намудаст, то 10 рӯзи дигар маблағро бисупорад. “Худи Қадами Қурбон аз ҳукми додгоҳ розӣ буд ва аз толори додгоҳ бо хурсандӣ берун шуд”, — афзуд ӯ.

“Касеро зорӣ накардаам, маро ба маҳфилаш барад”

Баъд аз эълони қарори додгоҳ, худи Қадами Қурбон дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо далелҳои тафтишот розӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи октябри имсол дар маъракаи хонадоршавии писараш Қаноат воқеан ҳам ба раққосаи овозхони дигари маъруф Зафар Аюбӣ пул часпонда буд. Ҳамин саҳна аз ҷониби корбари ношиносе ба интернет роҳ ёфтааст.Қадами Қурбон мегӯяд, аз технологияҳои замонавӣ зиёд огоҳ нест ва ҳар маводе, ки аз ҳунарнамоиҳои ӯ ба Интернет роҳ меёбад, кори ҳаводоронаш аст. “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое, ки дар интернет нашр мешавад, хабар надорам”, — афзуд ӯ. Ин овозхон гуфт, вақте ӯро ба маъракаҳои шодии мардум даъват мекунанд, бо камоли майл меравад: “Худомӯз ҳастам, ҳеҷ устод надорам. Дар синфи 6-ум дар як озмуни “Бӯстон” дар деҳа суруд хондам ва соҳиби ифтихорнома шудам. Як одами оддӣ ҳастам, бо касе кор надорам ва дигарон низ ба ман кордор нашаванд. Ман касеро зорӣ накардаам, ки маро ба маъракааш барад. Зиндагӣ аст, талабот ҳамин аст, ба равиши замона меравам”.Қадами Қурбон гуфт, се ҳазор сомонӣ барояш пули кам нест, вале додрас чунин қарор баровардааст ва чорае ба ҷуз пардохти маблағ надорад.

“Тӯйи фарзандаш буд, хурсандӣ кардааст”

Аммо Қаноат, писари Қадами Қурбон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи онҳо аз он нороҳат шуд, ки мавридҳои пулчаспонӣ ба раққосаҳо дар маъракаҳои дигар сокинони кишвар ҳам ҷой дорад, вале додситонӣ “маҳз нисбат ба падари ӯ парванда кард”. Ӯ гуфт: “Тӯйи фарзандаш буд, хурсандӣ кардааст. Ҳамин қадар гуноҳ кардааст, ки ба раққоса пул часпондааст”. Дар тӯйи ман Зафар Аюбӣ, Мустафо ва ду-се сарояндаи дигар ҳамчун ҳамкори падарам омада, ҳамчун ҳадя яктоӣ суруд хонданду рафтанд”.Қаноат, ки дар маъракаҳо дар паҳлӯи падараш ҳамовозӣ мекунад, мегӯяд, падараш аксари сурудҳояшро бо талаби мухлисон иҷро мекунад.Дар ҳоле ки худи Қадами Қурбон бо баҳонаи омодагӣ ба маъракаҳои дигари арӯсӣ зиёд сӯҳбат накард, писараш Қаноат гуфт, ба гурӯҳи мусиқии падар на танҳо ӯ, балки бону Зайнаб — қудои хонадони онҳо ҳам шомил аст. Хонум Зайнаб дар бисёр сабтҳои видеоии интернетӣ ҳангоми иҷрои таронаи хориҷие ва тақлиди шиҳаи асп дида шудааст. Ин таронаи шӯхиомез бахше аз барномаи ҳунарии Қадами Қурбон аст, ки ҳама намоишҳояш хусусияти танзро дорад.Ҳангоми иҷрои яке аз пуртамошобинтарин таронаҳои тӯёнааш, ки ба забонҳои омехтаи тоҷикиву ҳиндӣ иҷро мешавад, ӯ таппончаи ё туфангчаи саҳнавиашро ҳам ба кор мебарад. Саҳнае, ки бисёр филмҳои ҳиндиро ба ёд меорад, мавриди хандаву истиқболи тамошобинони атроф мешавад.

“Пеши роҳи кадоме аз онҳоро мегиред”

Писари Қадами Қурбон мегӯяд, муаллифи ин ҳама саҳнаҳо худи падараш буда, бо касе машварат намекунад. Ӯ гуфт, падараш дар зиндагӣ ва муҳити оилавӣ ҳам як инсони шӯхтабиат ва зиндадил аст.Қаноат мегӯяд, дар маъракаҳо бисёр тамошобинон ҳунарнамоии падарашро ба телефони худ сабт мекунанд ва баъдан дар интернет ҷой медиҳанд ва ба гуфтааш, намешавад пеши ин кори мухлисонро бигиранд: “Охир як нафар-ду нафар нестанд, хеле зиёданд. Мо кадоми онҳо мегӯем, ки ин корро накунед”.Қадами Қурбон яке аз пурбаҳстарин овозхонҳои тоҷик аст, ки имсол ба далели роҳ ёфтани чанд видеояш ба интернет маъруф шуд. Тамошобинони ҳунарнамоиҳои ӯ, ки маъмулан дар маҳфилу маъракаҳои хусусӣ, на дар студияҳои касбӣ сабт шудаанд, асосан ба ду тақсим шудаанд.Як гурӯҳ шеваи ҳунарнамоии ӯро шадидан ба боди танқид кашида, онро хилоф бо меъёрҳои фарҳангиву ҳунарӣ арзёбӣ мекунанд. Тарафдоронаш аз ӯ ҳимоят карда мегӯянд, ки Қадами Қурбон як овозхони озод аст ва мисли як ҳунарпеша аз роҳи тақдими ғайримаъмулии таронаҳояш барои тамошобин “спектакл”-и хурде намоиш медиҳад.

«озоди»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *