Суд ба Навалний сеюним сол дод
Тарафдорони Алексей Навалний бо норозигӣ аз ҳукми суд ҳаводоронашонро ба намоишдар маркази Маскав даъват карданд.
Суди ноҳияи Симоновскийи шаҳри Маскав рӯзи сешанбе ҳукми шартии Алексей Навалнийро оид ба парвандаи Ив Рошер бекор карда, ба ҷои ӯ 3,5 соли зиндони воқеиро дар колония эълон кард, хабар медиҳад РИА Новости
Хадамоти зиндонҳои Русия даъво карда буд, ки моҳҳои охир ҷойи будубоши Навалнийро намедонист ва ба ин тартиб, ӯ қоидаи адои зиндони шартиро риоя накард. Суд рӯзи 2-юми феврал гуфт, ҳабси шартии соли 2014-ро ба ҳабси воқеӣ табдил дод ва Алексей Навалнйиро ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард. Аммо додрас гуфт, бо сабаби он ки сиёсатмадори мухолиф дар соли 2014 чандин моҳро дар ҳабси хонагӣ гузаронд, 2,5 сол дар зиндони низомаш умумӣ мемонад.Ҳамчунин, замони ҳабси ӯро аз 17-уми январи имсол ҳисоб мекунанд, рӯзе, ки ӯ баъди муолиҷа аз заҳролудшавӣ аз Берлин ба Маскав баргашт ва дар фурудгоҳи Шереметево дастгир шуд. Тарафдорони Алексей Навалний бо норозигӣ аз ҳукми суд ҳаводоронашонро ба намоишдар маркази Маскав даъват карданд. Вакили мудофеи сиёсатмадори мухолиф ба хабарнигорон гуфт, ба зидди ҳукм эътироз хоҳанд кард.Алексей Навалний дар мурофиаи додгоҳии рӯзи сешанбе Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба “тарсуӣ” муттаҳам кард ва гуфт, ӯ ҳамчун “Путини заҳролудкунанда” (Путин отравител) дар таърих сабт хоҳад шуд.Ҳукми зиндони Алексей Навалний бар асоси дархости масъулони Хадамоти зиндонҳои Русия сурат гирифт, ки гуфтанд, дар бораи ҷойи будубоши Навалний хабар надоштанд.Худи Навалний дар суд гуфт: «Ман беҳуш шуда будам. Ба Шумо санадҳоро дар бораи беморӣ ва маҳалли будубоши ман фиристоданд. Баъдан ман ба ҳавопаймо нишастаму омадам. Боз чӣ кори дигар мекардам? Шумо мегӯед, ба хонаи ман рафтед ва дар он ҷо набудам. Албатта, ки дар он ҷо набудам. Ман боз чӣ кор карда метавонистам?»
Дар ҷавоб намояндаи Хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, Навалнийро зарур буд, ба телефонҳои ин ниҳод занг зада, дар бораи худ ва маҳалли ҷойгиршавиаш маълумот медод.Алексей Навалний моҳи августи соли 2020, баъд аз он ки дар ҳавопаймое дар Русия заҳролуд шуд, барои муолиҷа ба шифохонаи Берлин интиқол ёфт.Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки ӯ бо заҳри низомии навъи «Новичок» заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремл иттиҳомро рад намуд.Мурофиа ва ҳабси Навалний дар пасманзари намоишҳои эътирозии тарафдорони ӯ баргузор шуд, ки бо ҳукумати президент Владимир Путин розӣ нестанд. Ин эътирозҳо ду ҳафтаи охир дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия баргузор шуда, мақомот то ин дам ҳазорҳо нафарро дастгир кардаанд. Пеш аз мурофиаи рӯзи сешанбе низ беш аз 300 ҷонибдори Навалний боздошт шуданд. Баъд аз эълони ҳукми Навалний, Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо ибрози «нигаронии амиқ» бори дигар хостори озодии фаврии ӯ шуд. Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон, дар Твиттер навишт, «ҳукми имрӯзаи Навалний зарбаи сахте ба озодиҳои бунёдӣ ва волоияти қонун дар Русия аст». Ҳамчунин, Ангела Меркел низ аз ҳукм нисбат ба Наавалний изҳори норозигӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ