Суд ба «Тоҷпромбонк» муҳлат дод
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе барои барҳам додани «Тоҷпромбонк» ним соли дигар муҳлат додааст. Ин бонк соли 2017 муфлис эълон шуда буд, аммо мақомот то ҳол натавонистаанд, ки онро пурра барҳам диҳанд.
Рустам Мирзозода — раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт: «Баъзе аз омилҳое ҳастанд, ки барои барҳамдиҳӣ мушкилӣ пеш меоранд». Аз ҷумла, ба қавли ӯ, то ҳол баъзе аз муштариён қарзи гирифтаи худро барнагардонидаанд ва бонк ҳам пули амонтузоронро бозпас надод.
Рустам Мирзозода мегӯяд, ки то ин омилҳо бартараф нашаванд, барҳам додани бонк ғайриимкон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ