Суд ҳукм кард: Неъматов гунаҳгор аст!

Суди  минтақаи Кӯлоб Неъмат Ҷӯраев, корманди собиқи шуъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъро бо ҷурми куштори судиҷрочии калони ноҳия ба нуҳ соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукми Ҷӯраев рӯзи 26-уми сентябр эълон шуд.Баҳром Ҳоҷизода, судяи  парванда, гуфт, ки куштори судиҷрочӣ Наҷмиддин Садриддинов соли гузашта иттифоқ афтодааст. Вай афзуд, ки Неъмат Ҷӯраев то чанд рӯзи дигар ҳақ дорад, аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят кунад. Хонаводаи Неъмат Ҷӯраев мегӯянд, аз ин ҳукм розӣ нестанд. Онҳо иддао доранд, ки Ҷӯраев дар ин қазия қурбонии туҳмату буҳтон шудааст. Ҷасади Наҷмиддин Садриддинов, судиҷрочии калони додгоҳи ноҳияи Восеъро охири моҳи июни соли гузашта аз соҳили рӯдхонаи Сурхоб, наздик ба маҳаллаи Қурбоншаҳид пайдо карда буданд. Дар оғоз мақомот гуфтанд, ки эҳтимол ӯ дар пайи шиноварӣ ғарқ гардидааст. Аммо баъди чанд моҳи ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти Неъмат Ҷӯраев хабар дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *