Суди Эрон шаҳрванди Тоҷикистонро ҳукми қатл дод
Суди Эрон як шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамла ба масҷиди Шоҳ-Чароғ ҳукми қатл дод.
Гунаҳкори асосии ҳамла ба зиёратгоҳи шаҳри Шероз ба эъдом маҳкум шуд. Матбуоти эронӣ бо истинод ба раиси адлияи вилояти Форси ин кишвар гузориш додаанд, ки Раҳматуллоҳи Норозаф, маъруф ба Мустафо Аслам Ёр, шаҳрванди Тоҷикистон, омили аслии ҳамла ба оромгоҳи Шоҳ-Чароғ будааст. Ӯро барои фитна ва созиш ба муқобили амнияти мамлакат ба ҳукми қатл эъдом карданд.
Ба гузориши ин расонаҳо, 2 нафари дигар, ки дар ҳамла ба оромгоҳи Шоҳ-Чароғ муттаҳам мешаванд, ба 5 соли зиндон маҳкум ва аз Эрон ихроҷ шудаанд.
Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба оромгоҳи Шоҳ-Чароғ дар рӯзи 14-уми август ду нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ