Суди олӣ ҳукми ноодилонаро нисбати таҷовузкор бекор кард
Суди шаҳри Ҳисор 9-уми декабри соли гузашта марди 32-соларо, ки ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ муттаҳам буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори суд озод намуд.
Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди шаҳри Ҳисорро дар бораи афви як гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари 12-сола бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба прокуратура фиристод.Ба гуфти манбаъҳои огоҳ аз қазия,бо даъвои адвокат ва барои ҷой доштани камбудиҳо дар парванда ҳукми суди Ҳисор бекор карда шуд.
Тавре хабар дода будем, суди шаҳри Ҳисор 9-уми декабри соли гузашта марди 32-соларо, ки ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ муттаҳам буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори суд озод намуд.
Ин ҳукм вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз президент ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб карданд, ки ҷазоро барои гунаҳкорони бадрафторӣ бо ноболиғон сахттар намоянд. Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 11-уми январ эълон кард, ки тарҳи наверо омода кардааст ва бино бар он гунаҳкорон ба озори ҷинсии кӯдакон аз ҳаққи падару модарӣ низ маҳрум хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ