Суди олӣ: Шарифов, ту шаҳрванди Тоҷикистонӣ!

Суди  олии Тоҷикистон даъвои Каромат Шариповро дар бораи шаҳрванди ин кишвар набуданаш рад кардааст.

Масъулони Суди олӣ ахиран дар як ҳалнома гуфтаанд, ки Шарипов дар ҳудуди Тоҷикистон зода шуда ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.Роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик як сол қабл, рӯзи 13-уми декабр, аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ҳудуди он кишвар ихроҷ карда шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, бино ба санадҳои пешниҳодкардаи ҷониби Душанбе ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ба ҳамин далел ба Тоҷикистон фиристода шуд. Аммо Каромат Шарипов пофишорӣ дорад, ки ӯ дар Тоҷикистони Шӯравӣ зода шуда, шиносномаи он давраро дошт, на аз Тоҷикистони замони истиқлолро. Вай иддао дорад, ки Русия ӯро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон фиристода, бе ҳеч шаҳрвандиву санад гузоштааст. Шарипов мехоҳад, Русия шаҳрвандии ӯро барқарор кунад ва ӯ ба фаъолияташ дар он кишвар идома диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *