Суди олии иқтисодӣ зиёда аз 1600 парвандаро дидааст

Зимни нишасти  матбуотии роҳбари Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мирзозода Рустам дар мавриди фаъолияти шашмоҳаи ин сохтор ва судяҳои судҳои иқтисодии вилоятҳо маълумот дод.

Ӯ гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1609 парванда дида баромада шуданд, ки ин миқдор нисбат ба соли сипаришуда 17 бештар аст.

Дар ҳамин давра, вобаста ба муроҷиатҳо ба судҳои иқтисодӣ ба миқдори қариб 1 миллиону 766 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст, ки ин миқдор низ аз соли гузашта зиёд аст.

Ҳамчунин, дар давоми шаш моҳи охир ба судҳои иқтисодӣ 372 нафар бо таври шифоҳӣ ва 162 нафар ба таври хаттӣ муроҷиат намудаанд, ки то имрӯз 156 муроҷиат  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти нишаст Раиси Суди олии иқтисодӣ ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гуфта, аз ҷумла ба саволи  хабарнигори  Pressa.tj  дар мавриди муроҷиати сокинони минтақаҳои атрофи комбинати тиллои “Зарафшон” зарадида гуфт, ки  чунин муроҷиат ба Суди олии иқтисодӣ ворид нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *