Суди сармуҳаррир барои тамаъҷӯйӣ

Суди шаҳри Остонаи Қазоқистон сармуҳаррири нашрияи «Central Asia Monitor» ва муассиси сомонаи «Радиоточка» Бигелди Габдуллинро, ки бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуда буд аз толори суд озод кард.

Ин рӯзноманигори қазоқ бо гумони тамаъҷуӣ дар ҳаҷми махсусан калон айбдор шуда, бо ҳукми суд 5 сол таҳти назорати доимӣ мегардад. Ҳамчунин Габдуллин 10 сол ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва идориро надорад.

Боздошти Габдулин яке аз хабарҳои пурсарусадо дар ҷомеаи рӯзноманигорони қазоқ шуда, ҷомеаи шаҳрвандии қазоқ хостори озодӣ ва сабуккардани ҳукми ӯро карда буданд.

Бино бар иттилои тафтишот, Габдуллини 62-сола «дар расонаҳои зери дасташ ба мақомоти давлатӣ ҳамла ва аз мансабдорон тамаъҷӯӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *