Бахром

Суду зиёни пасандоз. Мусоҳиба бо профессор Баҳром Шарипов (видео)

Баҳром Шарипов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор таҷрибаи беш аз сисолаи фаъолият дар низоми бонкӣ дорад. Ӯ дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” оид ба чӣ  гуна пулро ба даст овардану самаранок истифода кардан, идора кардани пул дар оила, роҳҳои гузоштани пасандоз дар бонк ва аз хавфҳо эмин мондан, стратегияҳои идоракунии пасандозу афзоиши даромад посух гуфт.

Ёдовар мешавем, ки подкасти “Маърифати молиявӣ” бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” омода ва тариқи ютубканали Oila.tj пешниҳод мегардад.

— Устод, имрӯз бонкҳои Тоҷикистон хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла пасандозро ба мардум пешниҳод мекунанд. Аз нигоҳи шумо, то куҷо гузоштани пасандоз дар бонкҳои мо самаранок аст ва манфиати мизоҷон ба назар гирифта шудааст?

— Истифода бурдани пасандозҳо дар фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон назар ба панҷ соли охир коста шудааст. Сабаби асосӣ кам шудани захираҳои бонкҳои Тоҷикистон аз нуктаи назари додани қарз ва дигар равандҳо нисбат ба солҳои пештар аст. Низоми бонкии Тоҷикистон асосан зери таъсири омилҳои беруна ба буҳрони молиявӣ дучор шуд. Тавре маълум, чанд бонки низомсоз аз байн рафтанд, чанд ташкилоти қарзии хурд ва бонкҳои миёна низ фаъолияти худро бо назардошти тобовар нашудан ба вазъияти баамаломада қатъ карданд. Ду бонки асосии низомсоз — “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб 50% пандозҳои низоми бонкиро ташкил медоданд. Аз нуктаи назари гум кардани пардохтпазирӣ имконияти баргардонидани саривақтии пасандозҳоро бохтанд. Аз ин лиҳоз, пасандозгузорон барои бозпас гирифтани маблағҳои худ, аз фоизҳои ҳисобкардашуда маҳрум гардиданд, ки ин боиси коста гардидани ҳамин раванд гардид. Ҳоло  захираҳои бонкҳои ватанӣ бо имкониятҳои дохилӣ азнав барқарор шуда истодаанд. Дар ду соли охир метавон ин равандро мусбат арзёбӣ кард.

— Дар Тоҷикистон бештар аз 20 бонк ва ташкилоти молиявӣ фаъолият мекунанд. Ҳар як бонк сиёсати дохилии худро дорад. Имрӯз меъёри гирифтани қарз дар бонкҳо зиёд аст: аз 25 то 35 фоиз. Аммо гузоштани пасандоз ба маротиб кам аст. Оё меъёри пасандоз вуҷуд дорад ва он то чанд фоизро дар бар гирад?

— Меъёри пасандоз бо назардошти чанд омилҳо роҳандозӣ мегардад. Якум, ин омили таваррум аст. Таваррум дар Тоҷикистон 5-6 фоиз аст.  Бонкҳо дар вақти додани қарз ин меъёрро ба инобат гиранд. Дуюм,  хароҷотҳое мебошад, ки бонк оид ба фаъолияти худ дорад, яъне хароҷотҳои амалиётӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва ғайра. Сеюм, ин хатарҳоеанд, ки дар вақти сармоягузорӣ ё қарздиҳӣ пайдо мешаванд. Аз нуктаи назари илмӣ-амалӣ дар низоми молиявии давлатҳои абарқудрат механизмҳои паст кардани хавфҳои молиявӣ ба воситаи суғурта мавҷуд аст, ки дар кишвари мо бо назардошти таҷрибаи 30-солаи рушди низоми молиявӣ чунин механизмҳо кам роҳандозӣ шудааст.

— Аз нигоҳи шумо, гузоштани пасандоз бо пули миллӣ беҳтар аст ё асъори хориҷӣ?

— Пасандозгузор бояд чанд омилро ба инобат гирад. Якум, таваррум дар давлатҳои рушдкарда 3-4 фоиз аст. Ин дар давлати мо 6-7 фоиз аст. Меъёри муътадил аз 4 то 8 муайян шудааст. Ин сатҳи таваррум ба он оварда мерасонад, ки қобилияти харидории пул паст мегардад ва пасандозеро, ки бо сомонӣ мегузорем, мумкин қурбаш паст шавад. Бо назардошти гирифтани фоида бо фоиз ҳамчун мутахассис гузоштани пасандоз бо сомониро тавсия намедиҳам. Дар айни замон бонкҳои ватанӣ пасандозҳои аҳолиро бо чор асъор — сомонӣ, доллар, евро ва рубли русӣ қабул мекунанд. Аз нуктаи назари бехатарӣ ва таъмини даромаднокии пасандоз бояд маблағҳои худро баробар тақсим кунем ва баъдан ба бонк гузорем. Таҷриба нишон додааст, ки коҳиши қурби ягон асъори хориҷӣ ё миллӣ дар баробари қурби дигар асъорҳо зиёд мегардад ва хароҷот ё зарари мо рӯйпӯш карда мешавад. Дар маҷмуъ, мақсади асосии мо, яъне гирифтани фоида таъмин мегардад ва дар ин ҷо арзиши худи пасандоз ва харидории маблағи мо нигоҳ дошта мешавад.

— Гузоштани пасандоз дар бонк давраҳои муайян дорад:  аз 1 сол ва бештар аз ин. Ба муштарие, ки мехоҳад пасандозашро дар бонк гузорад, кадом давраро тавсия медиҳед?

— Пеш аз ҳама, шароити хонавода ба назар гирифта шавад. Ҳамон хонавода чӣ мақсадҳо дорад, дар кадом муҳлат – кӯтоҳ, миёна ё дарозмуддат имкони пасандози худро гузаштан дорад. Вобаста ба ҳамин мақсадҳо метавонад маблағҳояшро ба бонк бо пасандозҳои гуногун гузорад. Аз нуктаи назари назариявӣ, ҳар як оила бояд дорои болишти молиявии бехатарӣ бошад, ки даромаду хароҷоти ҳамон оиларо ба муддати шаш моҳ дар бар гирад.

— Вақте ки муштарӣ маблағи худро ҳамчун пасандоз дар бонк мегузорад, чӣ фоида мебинад?

— Якум, хароҷоти транзаксионии муштарӣ кам мегардад. Дуюм, бехатарӣ. Сеюм, додани фоиз ба пасандоз. Яке аз манфиатҳои гузоштани пасандоз баланд шудани маърифати молиявӣ ва идора карда тавонистани маблағ мебошад, ки дар оянда агар муштарӣ хоҳад қарз гирад, назар ба дигар муштариён бо фоизи пасттар ба ӯ қарз дода мешавад.

— Аксари одамон мехоҳанд, ки ба ҷойи нигоҳ доштани маблағҳои иловагӣ тилло харидорӣ намоянд ва аз ин фоида ба даст оранд. Пасандоз ва хариди тилло чӣ тафовут доранд?

— Ҳамаи ин аз нигоҳи стратегияи истифодабарии пул бояд роҳандозӣ гардад, чунки гузоштани ҳамаи маблағ ба пасандоз ҳам нодуруст аст. Бартарии пасандоз дар он аст, ки ҳамавақт метавонед онро нақд гиред. Хариди тилло ҳам як намуди сармоягузорӣ бо маблағҳои озоди худ мебошад, аммо тилло ба шумо ягон даромади иловагӣ намедиҳад.

— Пас аз муфлис шудани чанд бонки низомсоз эътимоди мардум нисбат ба фаъолияти бонкҳо коҳиш ёфт. Дар шароити имрӯз гузоштани пасандоз дар бонк эътимодбахш аст?

— Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки низоми бонкии Тоҷикистон аз нуктаи назари таъмин бо сармоя, пардохтпазирии баланд, назорати пурзӯри самараноки Бонки миллӣ ва дигар марҳилаҳои ҷоришуда, ки дар ҳоли ҳозир такмил ёфта истодаанд, низоми бонкӣ барои қабул ва самаранок истифода бурдани пасандозҳо, таъмини бехатарӣ омода аст. Бинобар ин, мардум бояд аз ин истифода баранд.

— Шумо ҳамчун мутахассиси умури бонкӣ барои онҳое, ки идоракунии молиявии самараноки худро оғоз мекунанд ва дар бонкҳои мо пасандоз мегузоранду фоида ба даст оварданианд, чӣ тавсияҳо медиҳед?

— Маърифати молиявӣ ва дуруст идора кардани маблағҳои озод имконият медиҳанд, ки тавассути онҳо ояндаи фарзандони худ ва давраҳои бознишастагиҳоро дурахшон намуд. Аз ин хотир, ҳар нафарро лозим аст, ки аз машваратҳои мутахассисон истифода бурда, онро дар амал ва зиндагии хеш татбиқ намоянд.

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода

P.S Подкастро дар формати видео дар ютуб-канали Oila.tj тамошо кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *