Судя авф шуду журналист не

Шарҳи Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеаш ба суоли хабарнигорон посух гуфт, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

ПУРСИШ: — Дар бораи ҳукми онҳое, ки дар зиндонҳо ошӯб бардоштанд ва нақшаи ошӯбро амалӣ кардан мехостанд, маълумот медодед…

ПОСУХ: — Бояд зикр намоям, ки Суди Олӣ вобаста ба ошўбҳое, ки дар зиндони Ваҳдат ва зиндони Хуҷанд нисбати 60 нафар ширкаткунандагон ҳукм баровард ва онҳо ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ин ҷо парвандаи сеюм низ вуҷуд дорад,ки дар асоси он 30 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин гурӯҳ мехостанд дар зиндони № 1 -и шаҳри Душанбе ошӯб ба амал оранд. Парвандаи ин гурӯҳ айни замон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.Чун мурофиа дар паси дарҳои баста сурат мегирад, ман дар  ин бора аз ин бештар маълумот дода наметавонам. Аммо як гурӯҳ аз наздикони ин ҷавобгарон даъвои онро кардаанд, ки наздикони онҳо дар ин кор шарик нестанд. Мо ҳамаи пешниҳод ва далелҳои онҳоро низ дида мебароем.

ПУРСИШ: — Оё ҳукми суд нисбати Бузургмеҳр Ёров, адвокати маҳкумшуда мувофиқи тавсияи созмонҳои байналмилалӣ бознигарӣ карда мешавад?

ПОСУХ: — Ҳукми суд нисбати Бузургмеҳр Ёров қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифтааст ва иҷро шуда истодааст.Тавсияи созмонҳои байналмилалӣ, дар бораи он ки ин ҳукм бознигарӣ карда шавад, наметавонад боиси бознигарӣ шавад. Бояд худи Бузургмеҳр ё адвокатҳояшон ба Суди Олӣ мурҷиат кунанд ва он ба тариқи назоратӣ дида баромада мешавад.Фақат бо пешниҳоди созмонҳои байналмилалӣ ин кор карда намешавад, зеро қонунгузории мо иҷозат намедиҳад. Гуноҳи он кас исбот шудааст.

ПУРСИШ: — Чаро фаъолияти созмони “Паймони миллӣ” манъ карда шуд?

ПОСУХ: — Бо даъвои Прокуратураи генералӣ фаъолияти ин созмон дар Суди Олӣ баррасӣ гардида, муайян карда шуд,ки ин ҳаракат  ба амнияти кишвар ва миллат  хатар дорад ва фаъолияти он манъ гардид. Дар ин бора ахбори Суди Олӣ низ пешниҳод гардид. Ин парванда махфӣ баррасӣ гардид.

ПУРСИШ: — Бисёриҳоро шикоят доранд, ки дар вақти мурофиаи судӣ судяҳо  имконияти сухан гуфтан намедиҳанд ва ё бе ширкати онҳо мурофиаҳо баргузор мегарданд , оё имкон надорад, ки рафти мурофиаҳо ба навор гирифта шаванд?

ПОСУХ: — Чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Мо оянда ҳатман бояд ба ин кор гузарем. Минбаъд бояд коре кунем, ки маводҳои зарурӣ бо роҳи электронӣ пешниҳод гарданд ва рафти мурофиаи судӣ ба навор гирифта шавад. Барои ин маблағи зиёд лозим аст, вале мо ба ин кор аллакай оғоз кардем.

ПУРСИШ: — Дар соли сипаришуда чанд нафар кормандони суд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон карданд?

ПОСУХ: — Ягон нафар…

ПУРСИШ: — Бигӯед, ки 1954 нафар шаҳрвандоне, ки соли 2019  ба Суди Олӣ барои қабул омадаанд, ҳамаашонро худатон шахсан қабул кардед?

ПОСУХ: — Танҳо ман не, роҳбарияти Суди Олӣ қабул кардаанд. Мо ду рӯз, сешанбе ва шанбе рўзҳои қабул дорем ва шаҳрвандонро, ба ҷуз ман боз муовинон ва сардори раёсатҳо қабул мекунанд.

ПУРСИШ: — Дар ноҳияи Дўстӣ судя дар вақти дида баромадани парвандаи шаҳрванд Резагул Гулмаҳмадова дар ҳалномаи судӣ  бе дарҷи он ки ин шахс дар хонаи истиқоматии мавриди баҳс қарордоштааш маскун карда шавад, мегӯяд, ки рафта, дар он ҷо зиндагӣ кун. Ҷониби муқобил ин шаҳрвандро намемонад,ки дар хонае,ки дар қайди давлатӣ меистад, зиндагӣ кунад. Чунин ҳалномаро чӣ гуна  баҳогузорӣ мекунед?

ПОСУХ: — Раиси  Коллегияи  Суди Олӣ  Қодирзода ин парвандаро пайгирӣ мекунанд. Ин масъаларо бори дигар бояд омӯхт ва минбаъд муайян кард,ки чаро чунин ҳалномаро баровардаанд.

ПУРСИШ: — Оид ба шиканҷа ва баррасии он дар судҳо маълумот медодед…

ПОСУХ: — Дар маҷмӯъ, бо гуноҳи  шиканҷа соли сипаришуда  ду парванда нисбати чор  нафар дида баромада шуд. Се нафари онҳо кормандони ВКД ва як нафар корманди КДАМ бо муҳлати гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд.

ПУРСИШ: — Чаро баъзеҳо, масалан судяи Суди ноҳияи Панҷ,ки бо гирифтани ришва дар ҳабс буд,  мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” озод шуд, вале рӯзноманигор Исмоилов ,ки барои  11 сол   аз озодӣ маҳрум гардидааст, озод намешавад?

ПОСУХ: — Гап дар сари он аст,ки онҳое, ки ба миқдори аз 10 ҳазор сомонӣ камтар ришва гирифтаанд, мувофиқ ба ин қонун озод гардиданд.

ЛУҚМА: — Исмоиловро ба гирифтани  ҳамагӣ сад доллар, мувофиқ ба курси онвақта 400 сомонӣ гунаҳгор карда буданд…

ПОСУХ: — Дар асоси саволи дар ин ҷо садодода дар ҳузури муовинон ва кормандони Суди Олӣ мегӯям, ки парвандаи мазкурро мо талаб карда мегирем ва меомӯзем. Алҳол чизе гуфта наметавонам. Дар ин бора ба шумо ба таври иловагӣ маълумот хоҳем дод.

ПУРСИШ: — Парвандаи ҳуҷум ба постгоҳи “Ишқобод” дар кадом ҳолат аст?

ПОСУХ: — Ин парванда мавриди баррасӣ қарор дорад ва мувофиқ ба он нуҳ нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Парванда  ба таври пӯшида дида баромада мешавад.  Маълумоти иловагиро пас аз баррасии парванда пешниҳод мекунем.

Таҳияи

А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *