Судя Холиқзода аз боварии Президент баромад
Савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда, даст ба ҷиноят мезананд
Президенти Тоҷикистон бо содир кардани фармоне Холиқзода Акбар Ризоро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.
» Холиқзода Акбар Ризо бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад», — омадааст дар фармони Президент
Пештар бо ҳамин сабаб Турсунзода Шараф судяи суди ноҳияи Айнӣ ва Собирзода Зайдулло Фозил судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шуда буданд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта аз фасодкориҳо дар фаъолияти додрасҳо изҳори нигаронӣ карда дастур дода буд, ки ҳангоми интихоби кадрҳо бисёр бодиққат шуд.
Президент боре гуфта буд: ”Савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда, даст ба ҷиноят мезананд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ