Судяҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд
Додситонии кулли Қирғизистон тасмим дорад, чанде аз судяҳоро барои пинҳон кардани дороиҳое, ки дар эъломияҳошон зикр нашудааст, ба ҷавобгарӣ ҷалб кунад.
Додситонӣ мегӯяд, дар бораи пинҳон кардани моликияти судяҳо аз хадамоти андози Қирғизистон маълумот гирифтааст.
Додситонӣ иттилои дарёфтаашро ба Комисияи интизомии Шӯрои судяҳо фиристодааст.
Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон санҷиши эъломияҳои мансабдоронро бахши муҳими мубориза бо фасод унвон карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ