Сухангӯи нави Президент. Қосимӣ Заробиддин кӣ аст?

Қосимӣ Заробиддин бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Абдуфаттоҳ Шарифзодаро иваз кард.

Ёдовар мешавем, ки Заробиддин Қосимӣ аз моҳи августи соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср буд.

Зиндагиномаи Заробиддин Қосимӣ:
Қосимӣ Заробиддин (Сироҷов Заровудин Қосимович) 4 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст.
1974-1984 -таҳсил дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ;
1984-1991 — таҳсил дар шуъбаи забони арабии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
1986-1988 — хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ;
1991-1992 — муаллими забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48 шаҳри Душанбе;
1992-1993 — ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон;
1993-1996 — нозир ва нозири калони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
1996-2005 — сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон;
2005-2015 — машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2015-2016 — директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2016-2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;
Аз 31 августи соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср.
Оиладор ва падари шаш фарзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *