Сухангӯи СҶТ: Ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон аст, на…
Ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) шоми 1 майи соли 2020 вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гаштанд. Рӯзи дигар онҳо аллакай дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шуруъ ба омӯхтани вазъ ва дарёфти роҳои мусоидат ба пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон намуданд. Рӯзи гузашта онҳо бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳу усулҳоеро, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамоянд, дуруст ва зарур донистанд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода даъват ба амал овард, ки намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон барои ҷалб намудани кумаки амалии беруна аз ҷониби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон мусоидат намоянд.
Рӯзи гузашта Радиои Озодӣ бо сухангӯи дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Копенҳаген Люба Негру сӯҳбат орост, ки онро пешниҳоди хонандагони Pressa.tj месозем.
Савол: Дар поёни рӯзи сеюми сафари ҳайати коршиносон муҳимтарин арзёбии онҳо аз вазъи Тоҷикистон чӣ аст?
Посух: Ҳайат шоми ҷумъа, 1-уми май, ба Душанбе расид ва субҳи баъдӣ кори худро оғоз кард. Коршиносон вазъи Тоҷикистонро бодиққат мавриди санҷиш қарор додаанд ва ҳар як иттилои расидаро мӯшикофона арзёбӣ мекунанд. Тими мо барои арзёбии хатарҳо ва дарки вазъият дар кишвар бо мақомоти тандурустӣ ҳамкориро шурӯъ кардааст, то дар таҳияи механизмҳои муассири вокуниш мусоидат кунад.
Савол: Оё онҳо бо вазъи беморхонаҳо ва шароит дар он ҷо ошно шуданд?
Посух: На, ҳанӯз ба ҳеч беморхона нарафтаанд. Аввал бо ҷамъоварии иттилоъ дар бораи сирояти беморӣ дар Тоҷикистон машғуланд, то иқдомҳои баъдии ҳайат, аз ҷумла маконҳои боздид маълум шавад.
Савол: Оморе, ки то ҳол аз ҷониби ҳукумат нашр шудааст, то куҷо воқеӣ ҳаст?
Посух: Мо ба мақомоти тандурустӣ, ки дар бораи ҳодисаҳои тасдиқшуда иттилоъ медиҳанд, такя мекунем. Бо шариконамон дар кишвар бовар дорем, вале ба ҳама иттилои пешниҳодшуда бодиққат муносибат мекунем.
Радиои Озодӣ: То куҷо мутахассисони СҶТ талош мекунанд ҳукуматро водор намоянд, ки тадбирҳое ба монанди маҳдудкунии иҷтимоӣ ва карантинро барои коргарону донишҷӯён ҷорӣ кунанд?
Посух: Рисолати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешбинӣ намекунад, ки ҳукуматро ба ҷорӣ кардани тадбирҳо, ба ҳар шакле набошад, водор намоем. СҶТ бар пояи мувофиқа кор мекунад, на зӯр ё маҷбур кардан. Созмон котиботи 194 кишвари узвро муттаҳид мекунад. Бар асоси муқаррароти байналмилалии беҳдоштӣ, мо аз қудрати муайян бархӯрдор ҳастем, ки ба мо аз ҷониби кишвари узв барои мушаххас кардани хуруҷи беморӣ ва нашри иттилоъ дар бораи он иҷоза медиҳад. Қудрате, ки мо дорем, аз роҳҳои илмиву бодалел намоиши амалкарди кишварҳои дигар ва намунаву таҷрибаҳои хубро имкон медиҳад. Фаротар аз он СҶТ қудрати водоркунӣ ва ё фишор болои кишварро надорад.
Радиои Озодӣ: Ҳоло муҳимтарин эҳтиёҷот кадом аст?
Посух: Ин ҳамон чизест, ки ҳайат пеш аз ҳар чизи дигар мавриди омӯзиш қарор додааст. Ин арзёбӣ таҳқиқи хабарҳо, сӯҳбат бо мақомоти ҳама сатҳҳо, мутахассисони маҳаллии тиб, кормандони тиббии ҳама гуна маҳаллу гурӯҳҳо ва ҳам таҳлили ин ҳама иттилоъро дар бар мегирад. Ин кори муҳим аст ва бояд хеле мӯшикофона барпо шавад. Қазовати пешакӣ иштибоҳ хоҳад буд. Мо ҳатман дар бораи натиҷаҳои ин арзёбиҳо хабардор мекунем, вале ҳоло фурсати муносиб нест.
Радиои Озодӣ: Як саволи калидӣ марбут ба ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон аст: оё СҶТ дар муқобила бо COVID-19 кумаки наве пешниҳод мекунад ва он чӣ гуна тақсим карда мешавад?
Посух: Тоҷикистон бо СҶТ тавассути дафтари он дар Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо СММ ва шарикони дигар ҳамкорӣ барпо кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон СҶТ-ро ба чандин бахши марбут ба омодагиву вокуниш ба COVID-19 шомил кардааст. Ҳукумат пайваста аз СҶТ иттилоъ дархост мекунад ва ёрии фаннӣ оид ба раҳнамоиву омӯзишро дарёфт мекунад.
Радиои Озодӣ: То куҷо ёриҳои Шумо то ба муассисаҳои тиббӣ мерасанд?
Посух: Ҳадафи ҳайат омӯзиши гузоришҳо ва мусоидат дар муқобилаи беҳтар бо пайдоишу паҳншавии COVID-19 аст. Мақсади мо мулоқот бо мақомот ва коршиносони соҳаи беҳдошти ҷамъиятӣ ва дидан аз вазъи муассисаҳои тиббӣ ба хотири сӯҳбат бо кормандони тиб, беморон ва дигарон ба хотири ҳамкорӣ аст. Мо бояд вазъ ва хатарҳоро омӯхта, механизми вокуниш барои мубориза бо хуруҷи вирусро кор карда бароем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ