Сухани хайрбодии Элизбет Миллард. ба мардуми тоҷик

Дӯстони азиз!Ман бо ҳиссиёти гарон ин кишвари зеборо тарк мекунам. Муддати якуним сол гузашт, аммо дар назар чунин менамояд, ки дируз ба ин ҷо омадам.

Ман ба ин халқу миллат барои пазироии гарму ҷушон изҳори сипос менамоям, зеро ба туфайли меҳмоннавозии шумо ман худамро инҷо гӯё дар хонаи худам эҳсос мекунам. Кишвари шумо бисёр ҳам кишвари зебост, забону фарҳанги шумо бою ғанӣ мебошанд, ва он чизе ки ман ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳам кард — меҳмоннавозии беандозаи шумост. Барои ман сафар ба Тоҷикистон басо мушкил буд. Шавҳарам нобаҳангом вафот кард ва ман панҷ фарзанду набераҳои дуструякамро дар тарафи дигари сайёра мондам ва маҳз ҳамин меҳрубониҳо, саховатмандӣ ва ғамхориҳои шумо буд, ки ман дар кору фаъолиятам муваффақ гаштам. Чӣ тавре, ки шоири бузурги шумо Мирзо Турсунзода мегуяд: «Расми хуби тоҷиконро гум макун». Ман, бешубҳа, фаромуш нахоҳам кард…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *