Суханронӣ дар мавриди даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз якуми апрел оғоз мешавад

Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони ситод ва сарситоди сохторҳои қудратии мамлакат ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ доир гардид, ки дар он вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон, омодагӣ ба даъвати баҳории шаҳрвандон, тақвият бахшидани захираҳои сафарбарӣ, ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштараки васеи низомӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими низомии нақшавии дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, вобаста ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат, ки аз якуми апрели соли равон оғоз мегардад, масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ оид ба натиҷаҳои даъвати солҳои пешин ва омодагиҳо ба даъвати навбатӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, то фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

— Зимни баррасии масъалаҳо дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ бошад, ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои сафарбарӣ муҳиму зарурӣ арзёбӣ гардид. Аз ин ҷост, ки дар ҷаласа аз ҷониби масъулини сохторҳои қудратии мамлакат ба масоили ҷамъомаду машғулиятҳои сафарбарӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои мудофиаи худӣ, захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, ҳангоми баргузории машғулиятҳо, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, тибқи талаботи ойинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *