Суханронии маҷозии вазири кишоварзӣ дар дуюмин Ҳамоиши Авруосиё

— Санаи 2-юми декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббуси Бонки авруосиёи рушд дуюмин Ҳамоиши Авруосиё баргузор гардид, ки дар он вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд,- хабар медиҳад шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиши мазкур вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон, муовинони вазири кишоварзии ҷумҳуриҳои Белорусия, Қазоқистон ва Федератсияи Россия, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва коршиносони бахши хусусӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Дар чаҳорчӯбаи Ҳамоиш тарафҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, механизми ягонаи транзитии молу хизматрасонӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъолияти системаи нақлиётию логистикии маҳсулоти озуқаворӣ, дурнамои таъсис ва нақши Шабакаи ягонаи муосири таҳвили маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намудаанд.

— Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ҷонибдории хешро доир ба масъалаҳои рӯзнома иброз намуда, таъсиси як ҳавзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон, воридкунандагон, харидорон ва ширкатҳои логистикӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дар сатҳи боз ҳам баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо пешниҳод карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *