Суиқасд  ба хабарнигори “Тоҷикистон”

…Субҳи рӯзи 21 декабр хабарнигори суратгири ҳафтанома Дидор Саъдуллоев, ки бояд дар ҳамоиши муҳимме аз ҷониби редаксия ширкат меварзид, ба кор ҳозир нашуд. Мо, ки ба масъулиятшиносии хабарнигор одат карда будем, аз дер мондани ӯ нигарон шуда, ба Дидор занг задем. Пас аз зангҳои дурудароз ниҳоят  телефонашро бардошта, бо овози хаста  гуфт:

-Узр, ки ман сари вақт ба кор ҳозир нашудам, имшаб  маро қариб  кушта буданд…Ҳоло дар ташхисгоҳи ВКД қарор дорам ва илоҷе карда, пас аз ним соат ба ҷои кор меравам.

Бесаброна омадани Дидорро интизор шуда, ҳар кӣ дар идораи газета тахмину гумонҳои худро баён мекард:

-Шояд барои суратҳое, ки дар он мушкилоти обро дар маҳаллаи Ховарон нақл мекард, ягон мансабдор ӯро “заказ” карда бошад?- тахмин намуд мудири шуъбаи иҷтимоиёт.

-Не, барои ин сӯиқасд намекунанд, мумкин барои гузоришаш дар мавриди савдои кӯчагӣ дар “Садбарг” бошад…,-андешаи худро баён намуд мудири бахши иқтисод.

-Аз ҳама гузориши фошкунандаи ӯ дар бораи сӯхтор дар кӯчаи Шоҳтемур буд. Шояд маҳз ҳамин гузориш ба касе маъқул нашудааст? –савол ба миён гузошт сеюмӣ. Аммо чун тафсилоти  ҳуҷум ба хабарнигорро намедонистем, аз тахмину гумонҳои минбаъда даст кашидем.

Вақте ки  Дидор ба идора омад, дасту рӯи варамида ва кафидаи ӯ, чеҳраи рангпаридаашро дида, баробар саволборон кардем. Аммо ӯ ба саволҳои ҳама баробар ҷавоб надоду ҳамкоронро ба сабр даъват намуд ва тафсилоти ҳуҷумро чунин нақл кард:

-Бегоҳӣ, тақрибан соатҳои ҳафт  аз ҷои кор баромада, мисли ҳамешагӣ ба истгоҳи таксиҳо, ки ба тарафи маҳаллаи Ховарон мерафтанд, омадам. Он ҷо чанд нафар дар назди таксиҳои интизори мусофирон меистоданд. Маълум набуд, ки мусофиранд ё ронандаи таксӣ. Ман ба яке аз таксиҳое, ки ронандааш дар дохили мошин буд, нишастам ва асбобҳои суратгириамро дар паҳлуям гузоштам. Ронанда ба ман нигариста гуфт,ки курсиҳои қафо пур шаванд, равон мешавад. Ин  вақт  дари  тарафи ронанда боз гардид ва ду ҷавон дар баробари он рост истоданду нафари пешистода аз ронанда пурсид, ки киро бурда истодааст. Ронанда ба тарафи ман нигоҳ кард ва ман гуфтам, ки хабарнигори “Тоҷикистон” ҳастам, агар раванда бошанд, ба курсии қафо шинанд, зудтар ба роҳ дароем. Аммо онҳо ба ҷои иҷрои ин хоҳиш,  аз тарафи дари ман  омада, “ҳоло ту ҳамон журналистам гӯй” гуфта, маро аз мошин ба берун кашиданд ва бе пурсиш ба лату куб даромаданд. То метавонистам, муқобилият намудам, вале онҳо маро афтонда зери мушту лагад гирифтанд. Коре карда аз зери дасташон халос шудаму ба тарафи шуъбаи милиса давидам. Вақте бо азоб он ҷо расидам, дидам, ки бинои шӯъбача равшан аст, вале дар он ҷо касе нест. Роҳравон ба бародаронаму ҷиянҳоям телефон карда, онҳоро аз ҳодиса огоҳ намудам ва ба гумони он ки нафарони суиқасднамуда аз он ҷо рафтаанд, боз ба истгоҳ омадам. Зеро дастгоҳҳои суратгирию наворбардориам дар  таксӣ монда буданд.  Аммо баробари расидан ба истгоҳ  он нафарон боз аз ким куҷо пайдо шуда, ба ҳуҷум гузаштанд ва ин бор маро дар рӯи замин якеашон зер карда медошту дигараш бо лагад мезад. Нафари зананда доим сарамро нишон мегирифт ва то метавонистам бо дастонам сару рӯямро эҳтиёт мекардам. Агар яке аз он зарбаҳо ба сарам бармехӯрд, ҳоло дар назди шумо наменишастам. Бадбахтӣ дар он буд, ки на ронандагони таксӣ ва на мусофирони интизори нақлиёт ба кумакам намерасиданд ва талоши халос кардани маро надоштнд. Онҳо аз паси шишаҳои мошин оқибати ин корро интизор буданд. Вақте ки наздиконам ба ҷои ҳодиса расиданд, ҳуҷумкунандагон рӯ ба гурез ниҳоданд  ва маро ақрабоям гирифта, ба назди бинои ВКД оварданду он ҷо ба таври расмӣ ариза навиштам. Бо маслиҳати кормандони милиса субҳи барвақт, ҳарчанд маҷоли ҳаракат надоштам, ба ташхисгоҳ омадам ва то ҳол натиҷаи ташхисро интизорам. Натиҷа бошад, худатон дида истодаед…

-Ба гумонат, онҳо роҳи туро мепоиданду туро мекофтанд ё ин як тасодуф буд?

-Аз рӯи рафторе, ки онҳо карданд, шояд ҳамин тавр бошад. Зеро саволи аввалинашон ба ронандаи таксӣ ин буд, ки “киро бурда истодаӣ…?” Ба ин пурсиш  бояд сохторҳои салоҳиятдор ҷавоб гӯянд…

АЗ ИДОРА: Инак, ба хабарнигори “Тоҷикистон” сӯиқасд сурат гирифт. Ин тасодуф буд ва ё барқасдона, танҳо тафтишот  муайян хоҳад кард. Боварӣ дорем, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ гунаҳгорон ва омилони ин ҳуҷумро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аксҳои ҷинояткорон ва ҳолати ҷабрдида бозгӯи ҳоланд.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *