«Сулҳ зери хатар аст…». Нигаронии Хайринисо Юсуфӣ дар Анҷумани IV занони Авруосиё

Форуми занони Авруосиё ба як платформаи бузургтарин, бонуфуз, эътирофшуда, беназир ва глобалӣ барои баррасии нақши занон дар ҷомеаи муосир табдил ёфтааст.

Ин нуктаро Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии Анҷумани IV занони Авруосиё, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, изҳор дошт.

«Вохӯрии мо махсусан дар замони душвори пур аз мушкилот, вақте ки дар ҷаҳон дигаргуниҳои кулливу беназир ба амал омада истодаанд ва бо таассуф, ки ин дигаргуниҳо ба нафъи беҳбудӣ нестанд. Таҷрибаи бо зӯр ҳал намудани мушкиоти байналхалқӣ, рад кардани сиёсат, гуфтушунид, ҳамфикрӣ ҳалли осоишта афзоиш меёбад», — гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, «бӯҳрони эътимод қобилияти муҳокима ва қабули қарорҳо дар бораи бисёре аз масъалаҳои амнияти ҷаҳониро халалдор мекунад».

Вай афзуд, ки «танҳо дар соли 2023 дар ҷаҳон 183 даргириҳои мусаллаҳона рух додааст».

«Сулҳ зери хатар аст, ки қимати онро аз мо, занон, касе беҳтар намедонад», — таъкид кард муовини раиси ҳизб.

Юсуфӣ ёдовар шуд, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон ба минбари ҷанги аз берун таҳмилшуда табдил ёфта, барои барқарории сулҳ иродаи сиёсӣ ва талошҳои бузурги дипломатии ҷонибҳои даргир зарур буд.

«Ин акс бо ашки модарон, зану хохарону духтарон навишта шудааст», — таъкид кард ӯ.

“Ҳамчун намояндаи кишваре, ки тамоми даҳшатҳо ва таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ман даъват мекунам, ки ҳама ихтилофот тавассути сиёсат, муколама, гуфтушунид ва дипломатия ҳамчун роҳи ягонаи табодули конструктивии иттилоот ва ба даст овардани созиш ҳал карда шаванд” , — гуфт Юсуфӣ.

Ӯ афзуд, ки садои занон бояд шунида шавад — на ҷангу низоъ, на терроризму ифротгароӣ.

«Оре — ба раванди сулҳ, оре — ба ояндаи осоиштаи мо, фарзандон ва набераҳои мо», — гуфт ин зани сиёсатмадор.

Ёдовар мешавем, ки  IV –умин Анҷумани занони Авруосиё аз 18 то 20 сентябри соли ҷорӣ таҳти унвони “Занон барои эҷоди эътимод ва ҳамкории ҷаҳонӣ” дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *