“Султони Кабир” баста мешавад
Дар асоси «Генплан» –и пойтахти Тоҷикистон, аз якуми марти соли 2022 бозори «Султони Кабир»-ро баста, соҳибкоронро «дар маҳалли дигар» ҷобаҷо хоҳад кард.
Қарор дар ин бора рӯзи 24-уми ноябр қабул шудааст.
Мақомот гуфтанд, бо ин кор се кӯчаи пойтахтро ба «талаботи меъморию шаҳрсозии муосир» мувофиқ карда, «ҳаракати бемамониати мошинҳо»-ро таъмин мекунанд.
Бино бар қарори нав, кори ҷамъияти «Файзи Саид» — «Осиё» ва маркази савдои «Мадад» низ бас хоҳанд шуд.
«Бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд,» — омадааст дар баёнияи шаҳрдорӣ.
Назари тоҷирон ва моликони бозору марказҳои савдо ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Душанбе дар гузашта бозори «Шоҳмансур»-ро ва “Ҷал-Ҷам”-ро вайрон карда буданд.
«Султони Кабир» яке аз бозорҳои асосии фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо дар Тоҷикистон аст. Онро соли 2000 сохтаанд ва 1700 нафар кор мекунанд. Бозор чанд дафъа оташ гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ