Суманак- таоми нерубахш ва шифобахш

Суманак яке аз рамзҳои асосии Наврӯз маҳсуб меёбад. Ин таоми ғайриодӣ, ки ҳазорон сол боз аз сабзаи гандум ва танҳо дар баҳору Наврӯз аҷдодони мо омода мекунанд, муъҷизаеро мемонад. Пухтани суманак кори осон нест, зеро он тӯли 12 соат омода мешавад ва дар ин муддат дегро пайваста кофтан лозим аст. Таҳқиқоти солҳои охири олимон нишон медиҳад, ки суманак на танҳо таоми ҷашнӣ ва василаи баҳамоӣ, балки манбаи витаминҳо буда, ба саломатии инсон фоидаи зиёде дорад.

Дар оғози баҳор организми инсон аз норасоии витамин ва микроэлементҳо азият кашида, ба бемории авитаминоз гирифтор мешавад. Сабабаш дар он аст, ки дар давраи зимистон ҷисми мо тамоми захираи худро сарф мекунад. Барои бартараф кардани норасогии витамину минералҳо ба организм хӯрдани суманак бисёр муфид аст.

Олимон кайҳо исбот кардаанд, ки дар таркиби майсаи гандум 18 намуди аминокислотаҳо, ҳамчунин витаминҳои С, В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F, ҳамчунин микроэлементҳо ва моддаҳои зиёди минералӣ, аз қабили фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра мавҷуд мебошад, ки барои организми инсон ниҳоят заруранд.

Сабзаи гандум дар баробари витаминҳои зикргардида ҳамчунин клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо дорад, ки коҳиши онҳо дар организм боиси ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад.

Клетчаткае, ки дар таркиби сабзаи гандум мавҷуд аст, барои ҳазми ғизо кумак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонида, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд, бинобар ин, онҳо барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд.

Бисёр нафароне, ки аз бемории фарбеҳӣ ранҷ мекашанд ва ҳамчунин гирифтори диабети қанд ҳастанд, аз истеъмоли суманак ҳарос доранд, зеро фикр мекунанд, ки ин таоми ширин боиси боло рафтани дараҷаи қанд ва ҳамчунин фарбеҳӣ мешавад. Вале исбот шудааст, ки истеъмоли суманак на танҳо ба гирифторони ин ду беморӣ зарар надорад, балки барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст.

Дар сурати тез-тез хӯрдани суманак иммунитети одам пурқувват шуда, организм ба таъсироти бемориҳои гуногун тобовар мегардад. Суманак ба бемориҳои дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, ғадуди сипаршакл низ даво буда, ҳамчунин экзема ва реши меъдаро шифо мебахшад.

Ба шахсоне, ки биноии чашмонашон суст гаштааст, бештар суманак хӯрданро тавсия медиҳем, зеро он қувваи босираро қавӣ мегардонад. Ин таоми болаззати баҳорӣ ҳамчунин ба сабзиши мӯйи сар мусоидат намуда, хунро тоза мекунад ва ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад. Бо шарофати моддаҳои гаронбаҳои дар таркибаш мавҷудбуда суманак авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.

Олимон чунин назар доранд, ки суманак баҳри пешгирии амрози саратонӣ, фурӯ нишондани фишори хун, аз организм баровардани холестерин, ҷилавгирии хурӯҷи бемориҳои дил муфид аст. Суманак қувваи организмро зиёд, чашмро равшан, хастагиро бартараф карда, бар зидди бемории саратон мубориза мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image