Сумбула Алматова: Маро “Юлдузи тоҷик” мегӯянд
Ба ифтихори 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал дар ҳамкорӣ бо Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар қисми низомии 08010-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои афсарону аскарон як чорабинии хеле зебои идона барпо гардид. Дар ин барнома сарояндагони овозадори тоҷик, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Муҳаррама Шарипова, Бахтиёр Оқилов ва бонуи бомаҳорат Сумбула Алматова ширкат варзида, бо таронаҳои ҷаззобу дилнишин хотири аскарбачаҳоро шод гардониданд. Ба сарбозон махсусан суруди “Аскарбача”-и Муҳаррама Шарипова, “Зулфоша хам-хам задай”-и Бахтиёр Оқилов ва таронаҳои ошиқонаи Сумбула, ки бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ садо медоданд, хеле писанд омаданд. Сумбула бо садои дилнишин ва ҳаракатҳои зебои саҳнавиаш тамоми афсарону аскаронро ба рақс дароварда, ҳамаро мафтун намуд. Аз фурсат истифода бурда, баъди анҷоми барнома мо бо ин зебосанам ҳамсуҳбат гаштем.
— Сумбулабону, аз таронаҳои шумо як навъ бӯйи сурудҳои Юлдуз Усмонова меояд. Ба ин ситораи дурахшони эстрадаи ӯзбек тақлид мекунед ё ин танҳо ба хотири эҳтиром ба ин бонуи ба маънои томаш ҳунарманд аст?
— Дар ҳақиқат ман Юлдуз Усмоноваро дӯст медорам ва ба санъати ин ситораи тобони Шарқ сари таъзим фуруд меорам. Пинҳон намекунам, ба Юлдуз пайравӣ мекунам, баъзе таронаҳои примадоннаи ӯзбекро ба репертуари худ дохил карда, дар маҳфилу чорабиниҳо месароям. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як чорабинии расмӣ, ки дар ноҳияи Ёвон баргузор гашта буд, ҳунарманоии бандаро диданд ва ҳазлкунон маро “Юлдузи тоҷик” номиданд. Ҳамин суханони Пешвои миллат боис гаштанд, ки ман, як ҳунарманди музофотиро дар ансамбли “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба кор бигиранд.
— Мардуми Ёвон бисёр шӯх ва ҳозирҷавоб мешаванд, вале шумо хеле ҷиддӣ ҳастед…
— Ман дар ҳақиқат зодаи ноҳияи Ёвон ҳастам. Азбаски дар оилаи санъаткор ба дунё омадаам, меҳри суруду мусиқӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар рагу пайвандам ҷорӣ буд.
— Аввалин сурудатонро дар ёд доред?
— Азбаски ишқи санъат аз овони тифлӣ дар дилам ҷӯш мезад, ҳаёти ман хеле барвақт бо саҳна пайваст. Аз синфҳои поёнӣ дар маҳфилҳои мактабӣ суруд мехондам, дертар замони дар синфи 5-ум хонданам дар озмуни “Ғунҷаҳои санъат” ширкат варзида, ғолибият ба даст овардам ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ба саҳнаҳои калон роҳ ёфтам.
— Сумбулабону, дар оғози суҳбат ишора кардед, ки бо дастгирии Пешвои миллат ба пойтахт омадед. Якбора шуморо дар ансамбл ба кор гирифтанд ё маълумоти мусиқӣ ҳам доред?
— Пеш аз оне, ки маро дар ансабл ба кор бигиранд, тариқи квотаи президентӣ ба факултаи режиссюраи донишкадаи санъат дохил шудам ва онро бо муваффақият хатм намудам. Аз соли 2010 дар ансамбли “Ганҷина” фаъолият дорам.
— Чаро коргардон нашудед?
— Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Аз рӯйи ихтисос коргардон бошам ҳам, дар дили ман меҳри санъати овозхонӣ бештар ҷӯш мезанад, аз ҳамин хотир ба садои қалбам гӯш дода, домони ҳамин касбро гиирфтам.
— Барои зан санъаткор шудан душвор нест?
— Албатта душвор аст, чунки аслан санъаткор дар ихтиёри худаш нест. Сарфи назар аз он ки чӣ вақт аст ва вазъи оилавиаш чӣ гуна асту чӣ мушкилиҳо дорад, санъаткор бояд ҳамеша дар хизмати халқ бошад, хотири мухлисонро бо суруду таронаҳои худ болида гардонад, ба мардум шодию нишот бахшад. Бо ин ҳама ташвишҳо овора шуда, барои тарбияи фарзандон вақт ёфтан душвор аст, вале мо занҳои ҳунарманд рисолати модарии худро аз ёд набурда, кӯшиш мекунем, ки фарзандони хушахлоқ ва бомаърифатро ба воя расонем.
— Шумо хеле ҷавон менамоед. Фарзанд доред?
— Бале, шукри худо, модари 5 фарзанд ҳастам.
— Ба ростӣ?! Ман фикр кардам, ки нав шавҳар кардаед ё як фарзанд доред…
— Ман хеле барвақт оиладор шуда будам ва шукри худо, ду писару се духтар дорам. Писари калониам синфи 11 мехонад, аллакай қариб шаҳбача шудааст.
— Офарин! Мехоҳед, ки писаратон мисли ин аскарбачаҳо хизмати модар-Ватанро анҷом диҳад ё мисли баъзе одамони машҳур…
— Мақсадатонро фаҳмидам, вале ман мисли баъзеҳо фарзандамро аз аскарӣ гурезонданӣ нестам. Мехоҳам, ки писарам ҳатман хизмати Модар-Ватанро анҷом диҳад, чунки хизмат ҷавононро обутоб медиҳад, дар кӯрраи ҳаёт гудохта, марди ҳақиқӣ месозад.
— Санъат ба шумо чӣ дод?
— Муҳаббати мухлисон ва эътирофи аҳли ҷомеа барои санъаткор беҳтарин туҳфа ва подоши ҳама заҳматҳои ӯст. Туфайли санъатам дар озмуни “Суруди сол” соҳиби ҷоиза ва диплом гаштам. Тавонистам дар як фестивали овозадори таронаҳои эстрадӣ дар Қазоқистон бо либосҳои миллии тоҷикӣ баромад карда, соҳиби ҷоизаи махсус гардам. Ба чандин давлатҳои хориҷӣ ба сафарҳои ҳунарӣ рафтам…
— Имрӯз дар ин маҳфил шумо бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруд хондед. Бо дигар забонҳо ҳам таронасароӣ мекунед?
— Бале, ман овозхони чандзабона ҳастам. Ба ғайр аз тоҷикию ӯзбекӣ ҳамчунин бо забонҳои англисӣ, русӣ, туркӣ, туркманӣ, озарбойҷонӣ ва ҳиндӣ суруд мехонам.
— Оҳанги таронаҳоятонро бо чӣ нарх ва аз кӣ мехаред?
— Аксари оҳангҳоямро худам эҷод мекунам. Аз ҷумла як таронаи англисиамро худам оҳанг бастаам. Таронаҳои “Ватан”, “Тоҷикистон” ва сурудҳои хоразмӣ маҳсули эҷоди банда мебошанд.
— Дар интихоби матни сурудҳо кӣ кумак мерасонад?
— Падарам. Умуман дар ҷодаи санъат ягона такягоҳ ва раҳнамои ман падарам ҳастанд.
— Офарин! Сумбула, ба шумо дар роҳи пурпечутоби санъат барору комёбиҳо таманно дорем. Ҳамеша чунин ҷавону зебо, гули сари сабади маҳфилҳо ва сарбаланду муваффақ бошед!
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ