Сумка аз пӯсти одам
Зан мехоҳад пӯсти пояш ҳамеша дар бараш бошад, аз ҳамин хотир, идеяи духтани сумка аз пӯсти пой ба сараш задаст.
Ҷоан гирифтори бемории рагҳои периферикӣ шуда буд ва бо ҳамин сабаб пойи чапашро аз зону поён буриданд. Зан ба сайти Sewport.com муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки аз пӯсти пояш сумка омода созанд. Ҷоан барои ин дархости худ омода аст 3 ҳазор фунт пардохт намояд. Табибон пойи буридаи ӯро партофтан мехостанд, вале мариз исрор кард, ки узви буридаашро ба ӯ диҳанд. Зан мехоҳад пӯсти пояш ҳамеша дар бараш бошад, аз ҳамин хотир, идеяи духтани сумка аз пӯсти пой ба сараш задаст. «Вақте мо пӯсти ҳайвонотро барои омодасозии либосу ашёҳо истифода мебарем, чаро пӯсти одамро истифода набарем?», -мегӯяд Ҷоан.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ