Суоли хонанда: Дифтерия кӯдакро мекушад?
Шунидам, ки хатарноктарин беморӣ барои кӯдак дифтерия ба шумор меравад. Мегӯянд, ки ин беморӣ кӯдакро мекушад. Метарсам, ки фарзанди ман низ ба ин касалӣ гирифтор нашавад. Мегуфтед, ки дифтерия чӣ гуна беморист ва чӣ нишонаҳою чӣ хатар дорад?
МАНЗУРА, ноҳияи Ашт
Посух:
— Гулўзиндонак (дифтерия) касалии сироятӣ буда, аз одами бемор ба шахси солим мегузарад. Маъмулан ин беморӣ бо таби баланди 39-40 аз худ дарак медиҳад. Нармии ғадудҳои гулў, пайдо шудани қабати сафед дар ком нишонаҳои ин беморӣ ҳастанд. Қабати сафед ба садопардаҳои гулў гузарад, гирифтани овоз эҳсос шуда, метавонад ба оқибатҳои бад оварда расонад. Барои ҳамин, сари вақт ба мутахассис муроҷиат кардан лозим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ