Суоли хонанда: Корҷӯйӣ осон мешавад?
Дар бисёр мамолики ҷаҳон сомонаҳои махсус барои корҷӯйӣ ва сабти нафарони бекор мавҷуд аст. Ин сомона имкон медиҳад, ки нафарони бекор осон ва зуд бо кор таъмин шаванд. Оё дар кишвари мо чунин барнома мавҷуд ҳаст?
САВРИДДИН, шаҳри Панҷакент
— Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар посух ба ин суол хабар доданд, ки мақомоти Тоҷикистон талош дорад бо роҳандозии чунин платформа — “Барномаи рақамии бақайдгирии бекорон” корҷӯӣ барои бекоронро осонтар созад.
Ахиран дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муаррифии лоиҳаи “Барномаи рақамии бақайдгирии бекорон” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа рӯнамоии функсияҳои “Портали бақайдгирии бекорон” ва “Методологияи таҳияи платформа” манзур гардида, зикр шуд, ки барномаи мазкур шаффофият ва дақиқияти фаъолияти мақомоти шуғли аҳолӣ, дастрасии шаҳрвандони бекор ба хизматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолиро таъмин менамояд. Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Барномаи СММ омода шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд. Вай афзуд, ки дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ” дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ