Суоли хонанда: Санади электронии муҳоҷир чист?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки аз ин ба баъд дар Русия барои муҳоҷир санади нави электронӣ таҳия мешавад. Моҳияти ин санад аз чӣ иборат аст?

СУБҲИДДИН, шаҳри Хуҷанд

— Русия санади электронии муҳоҷирро таҳия хоҳад кард,- иттилоъ додааст рӯзномаи “Известия” бо истинод ба мудири кулли “Гознак” Аркадий Трачук. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло масъалаи ҷорӣ кардани низоми шиносоии биометрӣ барои муҳоҷирон баррасӣ мешавад.

Тавре Трачук қайд кардааст, сухан дар бораи низоми электроние меравад, ки шабеҳи «Госуслуги» аст, аммо дар бораи чӣ гуна дар қаламрави Русия кор кардани шаҳодатномаи нави электронӣ Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ пурра маълумот хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкурро Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди рақамӣ роҳандозӣ кардаанд.

Трачук таъкид кардааст, ки ширкати “Гознак” дар ин лоиҳа нақши ташкилоти хидматрасониро мебозад.

Лоиҳаи нав бояд тамоми хизматрасониро барои шаҳрвандони хориҷӣ соддатар гардонад.

«Дорандаи шаҳодатнома нафарест, ки дар бораи ӯ тамоми маълумот ҷамъоварӣ шудааст: ному насаб, иҷозатномаи кор, шиноснома ва суғуртаи тиббиаш»,- гуфтааст мудири кулли “Гознак”.

Аркадий Трачук таъкид кардааст, ки ин як навоварии хеле саривақтист, зеро дар бозори байналмилалии меҳнат бояд ҳамеша нисбати коргарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар рақобатпазир буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *