Супоридади ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ»
Ба Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ, Кароматуллоҳ Олимов ва Маҳмадраҳим Каримов
Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаи байналмиллалии «Манучеҳри Фарҳангӣ» сурат гирифт. Дар ин маросим раиси Анҷумани «Рӯдакӣ» дар Париж, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи Тоҷикистон, доктор Масъуди Миршоҳӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, академикҳо, олимону фарҳехтагони тоҷик ва хориҷӣ ширкат варзиданд.
Чӣ тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ» соли равон насиби академик Кароматулло Олимов, профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ ва меъмор Маҳмадраҳими Карим гардид.
Зимни супоридани ҷоиза ба барандагон Масъуди Миршоҳӣ гуфт, ки ҷоизаи мазкур барои силсислаи рисолаҳои илмӣ доир ба тасаввуф ва хадамоти фарҳангӣ ҳангоми вазири фарҳанг буданаш ба академик Кароматуллоҳ Олимов, барои китоби гаронарзиши «Давлати Каёниён» ба профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ ва барои силсилаи нигораҳо дар деворҳои заводи сементи Душанбе ва дарвозаи «Боғи Ирам» ба Маҳмадраҳими Карим супорида мешавад.
Профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, зимни як суҳбати кӯтоҳ гуфт:
— Ман бевосита бо марҳум Манучеҳри Фарҳангӣ шинос будам ва пеш аз навиштани китоб муҳтавои онро дар як мулоқотам бо ӯ ба миён гузоштам. Фарҳангӣ аз ин нияти ман хушнуд шуда, гуфта буд, ки ҳатман китобро нависам ва ӯ барои нашри он бо хати форсӣ ва забони инглисӣ кумак мекунад. Аммо чархи фалакро бинед, ки ӯро ваҳшиёна куштанд ва баъди маргаш ҷоизае, ки ба номаш аст, насиби ман шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ» ҳамасола аз ҷониби Анҷумани «Рӯдакӣ» дар Париж барои хизматҳои сазовор дар рушди илм, адабиёт, санъат ва ҳунар барои олимони тоҷик супорида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ