Супориш : Дастархони идонаро хоксорона оро диҳед

Дар арафаи иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастархони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва бо сабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастархони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.

Қаблан мақомоти расмӣ дар суҳбат бо сокинон дар гӯшаҳои кишвар хоста буданд, ки дастархонаи идонаи худро хоксорона оро дода, барои худнамоишдиҳӣ зери бори қарз намонанд. Аз сокинон дархост шудааст, ки махсусан аз харидани қандҳои гаронбаҳо ва писта, ки нархи як килои он то сад сомонӣ ва аз он болост, худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *