Супориши горком иҷро нашуду  аз ӯ боғ монд

 

Аз  гузаштагони худ  ибрат мегирем. Аз хулқу атворашон, гуфторашон, эҷодашон, меросашон, фоидаи ба мардум расондаашон, осорашон, қобилияту истеъдодашон, мавқеи ҷамъиятиашон, ақлу идрок ва дараҷаи тафаккурашон, заковату одамгариашон  ва монанди инҳо, гар писанди мост, месазад, ки онҳоро  боиси ибрат донем. Ба қадри чунинҳо бояд расид, ёдаш кунем.

Шахсе, ки дар борааш ҳарф заданӣ ҳастем, на файласуф асту на кайҳоннавард, на олим асту на лашкаркаш, на шоир асту на шоҳи одил. Деҳқон асту деҳқонзода, одами одӣ, ҳамагӣ зироатшинос ва  роҳбари як хоҷагӣ. Лек дили бузург дошт, фарди ҳақиқӣ дар боби одамию одамгарӣ. Зариф Бозоров зодаи рустои Зимтуд буда, соли 1956 синфи даҳуми мактаби миёнаи ба номи  Деҳотии рақами 6, ноҳияи Колхозчиёнро бо баҳои  аъло ба итмом расониду  худи ҳамон сол ба факултаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи шаҳри Душанбе дохил шуд. Корро баъди хатми донишкада аз агрономии хоҷагии давлатии «Марғедар» сар кард, баъди чанде ба вазифаи сарагрономии ҳамин хоҷагӣ таъин гардид ва масъулияти зиёдеро ба уҳда дошт. Он вақт хоҷагӣ  ниҳоят калону бо бисёр шаҳрҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна шартномаҳои муомилавӣ дошт. Зариф нисбати вазифааш масъулият ҳис мекард, аз паси иҷрои вазифа буду дар асоси илми хондааш амал менамуд. Ба талаф ёфтани ҳосил қатъиян роҳ намедод. Дар ҳамаи бригадаҳо майдончаи себқоқкунӣ ташкил намуда, меваи рехтаро низ ғунучин намуда, ба як  тарз онро реза кунонида, мефармуд, ки мувофиқи нишондод қоқ (кишта) карда шавад. Ин шахси кордон аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, ба пурқувват шудани иқтисодиёти хоҷагӣ эътибори ҷиддӣ медод. Хусусан, ҳангоми директори хоҷагии давлатии «Навобод» буданаш, солҳои 70 — уми асри гузашта. Танҳо бо фикри худ ва маслиҳати судманду асосноки ҳамкорон амал мекард.

…Хушксолӣ омаду захира намудани хошоки дурушт дар фермаҳои чорводоронии хоҷагиҳо дар ноҳия зери хатар монд. Роҳбарияти ноҳия зарур донист, аз имкониятҳои мавҷуда ба таври таъҷилӣ андеша шуда, кишти иловагии захиравии хӯроки чорворо ба роҳ монанд. Дар маҷлиси фаъолони партиявӣ котиби аввали кумитаи шаҳрии ҳизб Сиддиқ Зарифов, ки аз хуб нарӯидани хошоки дурушт ба таҳлука афтода буд, ба роҳбарони хоҷагиҳо супориш дод, ки баъди ҷамъоварии ҷаву гандум дар заминҳои холишуда барои хӯроки чорво зуд ҷуворимакка кишт кунанд. Барги беду сафедори хоҷагиҳо зада шуда, ба фермаҳои моли майда, ба манзили зимистонгузаронӣ ба назди  қутанҳои гӯсфандпарварӣ, ба ҳудуди вилоятҳои Ҷиззаху  Самарқанди Ӯзбекистон  (он вақт тартибот ҳамин тавр буд) кашонида, захираи эҳтиётӣ  намоянд. Директори совхози «Навобод» Зариф Бозоровро ба минбар даъват намуда, чунин супориш дод:

-Ҳамчун котиби якум ба ту, рафиқ Бозоров супориш медиҳам, ки барои колхозҳои  «Зарафшон» ва ба номи Рӯдакӣ қитъаи замин ҷудо намо, то ки онҳо дар байни қаторҳо ҷуворимакка коранд.

-Ман ҳамчун агроном ба шумо мегӯям, ки дар байни қатораҳои дарахт ҷуворӣ коридан мумкин нест. Ман ин супоришро иҷро намекунам.

-Чӣ, аз билети партиявӣ ва дипломат маҳрум шудан мехоҳӣ, медонӣ чӣ гуфта истодаӣ?

-Медонам чӣ гуфта истодаам. Билетамро гирифта метавонед. Вале дипломамро ҳамон одаме мегирад, ки онро додааст.

-Маҳмадоногӣ накун, ман аз номи партия гап зада истодаам.

-Ман аз номи илми хондаам гап зада истодаам. Ин супориш бар зарари хоҷагӣ аст, намешавад.

-Ба ту супориши дигар ҳам ҳаст. Ҳамаи сафедорҳои соҳилӣ ва ду тарафи роҳро, аз Ғусар то рӯбарӯи Андар бо Вазиканда ба ихтиёри колхози «Зарафшон» медиҳӣ. Баргашро зада ба чӯл, ба назди қутанҳои моли гӯсфандаш ба Ӯзбекистон бурда, захира кунанд.

-Хуб. Шохи сафедор боигарии совхоз ҳисоб мешавад, ман розӣ, ба шарте ки ба ҳар куб шоху барг, мувофиқи нархномаи як кубометр ҳезум дар хоҷагии ҷангал чанд пул меистад, колхоз ба ҳисоби хоҷагии мо бо мактуби гарантиявӣ муроҷиат намояд марҳамат, баъди ҳалли масъалаи баргу навдаи мо аз колхози «Зарафшон» мешавад.

-Чӣ хел одамӣ ту, бо ман шӯхӣ карда истодаӣ?

-Не. Чаро шӯхӣ будааст. Баргу шохи сафедор моли падари ман нест…

Оиди ин марди накуному накурафтор лаҳзаи дигареро ба ёд меорем: Дар яке аз ҷаласаи бонуфузи КМ КПСС-и горбачёвӣ гап дар бораи майзадагӣ, барҳам задани корхонаҳои Шӯравӣ мерафт. Ғафуров ном намоянда КМ ПК Тоҷикистон ба Панҷакент омаду супориш дод, ки дар муҳлати наздиктарин токзори совхозҳо ва колхозҳои аз ин соҳа бархӯрдор бояд несту нобуд карда, дар ҷояш зироате кишт кунанд, ки иқтисодиёт ба по рост истад, корхонаи шаробпазии Колхозчиён барканда шавад. “Ин кор зери назорати ман аст. Ҳаттулкорӣ накунед, ки бе билети партиявӣ мемонед — гӯён ба тарафи котиби аввали шаҳр Аҳмадҷон Умаров ишора намуд. — Ман боз омада натиҷаи коратонро мебинам”, — сахт таъкид намуд намоянда. Ҳисоб гум шуду масъала сахт. Рӯзи дигар котиби якуми кумитаи шаҳрӣ А.Умаров  бо муовини раиси комиҷроия Т. Сатторов ба совхози «Марғедар» рафта, ҷаласаи фаъолони партиявӣ ташкил карданд.  Умаров масъаларо кӯндаланг ба миён гузошт.

-Чӣ бояд кард? — пурсид ба таври умумӣ котиби горком.

-Илоҷ ҳаст…-аз ҷой хеста сӯи минбар равон шуд Зариф Бозоров. — Ба қарибӣ ду гектар токҳои барвақтшинонидаро канда будем. Ҳоло кундаҳои он дар саҳро истодааст. Он ҷо як сол ғалла мекорем, баъд ток шинониданӣ будем. Агар  ба фикри ман розӣ бошед,  аз ҳар куҷои токзор кундаҳои осебдидаашро бо нишондоди агрономҳо канда, дар сари роҳ ғарам мекунем. Ҳамин ки пурсандаҳо омаданд, онро нишон дода мегӯем, ки «Ана, канда истодаем, мондагиашро рӯзҳои наздик канда ба итмом марасонем». Чӣ хел мешудааст, ки мо нони ба даҳон расидаи халқро несту нобуд мекардаем? Заводро ба истеҳсоли обҳои ташнашикан табдил додем» мегӯем,-изҳор намуд директор. Дигарон ҳам ин фикрро маъқул донистанд. Токзор дар ҷояш монд, ки то имрӯз мардум аз он истифода мебаранд. Рафти иҷрои қарори бепояи қабулшударо касе суроғ ҳам накард. Баръакс, токпарварӣ ривоҷ ёфт. Чунин буд Зариф Бозоров марди доно, дурандешу масъулиятшинос, ҷамоатчӣ, халқпарвар дар муомила латифу зариф, дар мартаба шарифу закӣ. Аз ин рӯ, дар байни халқу ҳамкорон обрӯю эътибори калонро соҳиб. Ҳангоми сарагрономи “Марғедар” ва директори совхози «Навобод» буданаш майдони токзор ва  боғи себ афзуд, истеҳсоли ангур ба 13 ҳазор тонна расонида шуд ва дар базаи он заводи шароббарории деҳаи Ғӯсар ба кор даромад, иқтисодиёт боло рафт, даромади кормандон афзуд. Ин марди ҳалолкору дилсӯз  кӯчаҳои маркази совхози “Навобод”-ро пурра асфалтпӯш кард, ки то имрӯз пораҳои он боқист. Дар ин ҷо биноҳои нави маъмурию хизматрасонӣ бунёд намуд ва  дар як муддати кӯтоҳ  онро ба як деҳаи замонавӣ табдил дод. Мутаассифона, Зариф умри дароз надид ва баъд аз бозсозии горбачёвӣ ва тағйир  ёфтани сохторҳо ҳамаи он заҳматҳои мардуми ин диёр, ки  таҳти роҳбарии  зиндаёд Зариф Бозорав бунёд гардида буданд,  ба нестӣ расид. Хоҷагони навбаромад бо нархҳои арзон амволи совхозро гӯё “хариданд”. На аз сехи мевахушккунию на  аз гараже, ки зиёда аз сад техникаи    хоҷагии қишлоқ дошт, нишонае намонд. Чойхонаи барҳавои дуошёна ва бинои маъмурии совхоз моликияти шахсӣ шуд. Яхдонҳои меванигоҳдории  чансад тоннагӣ ҳама  фурӯхта шуданд. Хулоса, ҳамаро “иқтисоди бозаргонӣ” ба коми худ кашид. Аммо ҳанӯз ҳам нишонаҳое аз хизмати ин марди меҳнат боқӣ мондааст, ки аз ин боғу токзорҳо  то имрӯз деҳқонони асил  баҳраманд мегарданд. ”Аз некон боғу аз бадон доғ” гуфтаанд.

Аз ӯ боғ монд,боғ ҳам дар қалби одамону ҳам дар замини ниёгон…

 

Нуралӣ Дӯсталиев,

собиқадори матбуот.

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *