Супориши Президент ба сохторҳои дахлдор: Дар Рамазон шаҳрвандонро пурра таъмин намоед! (аудио)
Дирӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар кори маҷлис нахуст дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шудааст.
Таъкид гардидааст, ки ҳадаф аз таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар самти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.
Дастур дода шудааст, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳо то санаи 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо бошад, то санаи 20-уми ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳисобот манзур намояд.
Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12 хулосаи Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо дар бораи Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026, дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баррасӣ гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ