Сураташ бехабар  аз маргаш

 Фарёд зи дасти аҷали масхарабоз,

Тафриқаи рафтагон намебинад соз.

Сад зиндадиле бимираду хок шавад,

Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.

Баъди оламро беҳарфу садо тарк гуфтани яке аз рӯзноманигорони варзида, марди нексиришт Маъруфи Бобораҷаб бори дигар гуфтанием, ки ин гуфтаҳои устоди шодравон барҳақанд.  Маъруфе, ки гӯё дирӯзакак ҳамроҳи мо буд, имрӯз дар паҳлуямон нест. Маъруфи чеҳрахандону соҳиби табъи равон  дигар ба ҳуҷраҳои кории  мо намеояду намегӯяд: “акоҳо чӣ ҳол доред?”. Маъруф замоне омӯзгор буду чанд соле ҳам  дар идораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир кор кард.  баъдтар  дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» фаъолияташро идома дод. Садои марғуладору хониши буррояш писанди мардум буд. Аз нуқтаҳое гузориш медод, ки мардум интизори хабари неке аз он ҷо буданд. Аксари ҳамкасбон ӯро беҳтарин гузоришгари телевизион мегуфтанд.

Истеъдоде  дошт,ки на ҳамаи ҳамкасбони мо бо доштани он  фахр карда метавонистанд: ӯ дар як муддати кӯтоҳ ҳар ончиро, ки медиду мушоҳида мекард, метавонист бо ҷумлаю ибораҳои рехтаю мӯъҷаз рӯи коғаз орад. Медидем, ки баъзан  раҳораҳ Маъруф барои хабарнигорони дигар рафти ҷаласаи гузаштаро дикта мекарду онҳо дар диктофонҳояшон сабт мекарданд. Ширин Қаноат, духтари шоири ширинкалом Муъмин Қаноат он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд:

— Солҳои 2001то 2007 ҳамроҳи марҳум дар ТВ кор мекардем. Бароям мисли бародар буданд. Ҳамеша якҷо «съемка» мерафтем. Акаи Маъруф барои бахши тоҷикиву ман барои бахши русӣ. Беҳтарин солҳои фаъолияти кориям буд. Бовариям намеояд, ки он кас ин дунёи фониро падруд гуфтанду рафтанд. Чунин суханонро дар ҳаққи Маъруф  ҳар як ҳамкори ӯ  ба забон меорад. Зеро Маъруф марде буд, ки ба ҳама маслиҳат медоду аммо  худаш  аз ҳама  миннатдор, аз дӯст ҳам аз душман ҳам…

Шахсиятҳо нотакроре ҳастанд,ки худ месӯзанду касеро ба  сӯхтан намедиҳанд. Ин гуна ашхос дар паҳлӯи мо зиндагӣ мекунанд ,  ки чун шамъ барои оила, барои фарзандон, барои ҳамкорону ҳатто мардумони  ношинос, вале муҳтоҷи ёрӣ месӯзанд. Ин шамъ роҳи онҳоро равшан мекунад, бехабар аз он,ки ба зудӣ худ хомӯш мешавад.   Маъруфи Бобораҷаб аз ҳамин қабил ҷавонмардони ҷонфидо буд . Сурати зебояш  дар долони ҳавлиаш бо чеҳраи пуртабассум ба меҳмононаш, ки имрӯз аз дарвозаи хонааш ба хотири  дуе медароянд, ба ҷои Маъруф гӯё “хушомадед” мегӯяд:

Дар ҳамон қолини пурнақшу нигор

Сураташ тозаву тар механдад.

Сураташ бехабар аст аз маргаш,

Сураташ бин чӣ қадар механдад.

Бародараш мегӯяд, ки фишори  Маъруф гоҳо аз 200 боло буд.Аммо ӯ сир бой намедод. Аз саломатиаш ба касе шикоят намекард. Субҳ ба кор мерафту шомгоҳон  бармегашт. Ҳастиашро  ба эҷод,  ба ободии хонадон мебахшид. Рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода ба ёд мерад :

— Соли 2013 бо ҳам дар як сафари Остона будем. Дар фурудгоҳ дилашон сахт дард кард…..Ҳама бачаҳо хавотир шудем…..Ман бо худ танометр доштам…фишори хунро санҷидем, 180 ба 90 буд. Доруи фишорбаландӣ  низ доштам, маҷбур кардем. то ки нӯшанд.Он кас хандида гуфтанд: «Эээээ, муаллима, натарсед, ин фишори хуни ман барои ман маъмулӣ аст. Ман одат кардаам…» Баъд  аз бозгашт ҳар боре, ки вомехӯрдем, пас аз салому алейк, ҳамеша узр мепурсиданд, ки он вақт моро ташвиш доданд. Инсони боодоб буданд… Дареғо, ки рафтанд…

Бале, Маъруф бебозгашт рафт. Аммо ёди ӯ дар қалби ҳар касе, ки ин ҷавонмардро мешинохт, барои ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷоят ҷаннат бод, шамъи хонадони фарзандон ва болонишини маҳфили ҳамкорон!

Аҳли қалами “Тоҷикистон”

                                МАЪЛУМОТНОМА

Маъруфи Бобораҷаб  23-юми феврали соли 1959 дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ дида ба олам кушодааст.  Соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)-ро хатм карда ,фаъолияти кориашро чун муаллим аз мактаби миёнаи рақами 12 ноҳияи Қумсангир оғоз кардааст. Аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи № 9, 31, ва 6 ноҳияи Айнӣ  муаллим ва аз соли  1996 директори мактаби миёнаи № 38 ноҳияи Айнӣ таъин шудааст.

Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Институти такмили ихтисоси Вазорати маорифи ҶТ ба кор даъват шуд. Минбаъд дар  идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон  кор кард ва пасон  соли 2006 ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба кор омад.  Баъдан дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» аввал ба ҳайси рўзноманигор ва баъдан то охири умр дар вазифаи котиби масъул кор кардааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *