Суратгири шахсии Борис Елтсин вафот кард

Собиқ аксбардори шахсии нахустин президенти Русия Борис Елтсин ва собиқ хабарнигори РИА «Новости» Дмитрий Донской дар синни 86-солагӣ дар Маскав даргузашт. Дар ин бора ба РИА «Новости» наздикони ӯ хабар додаанд.

«Дмитрий пас аз беморӣ вафот кард. Моҳи октябри соли гузашта ӯ 85-солагияшро таҷлил карда буд»,- гуфтааст намояндаи ин оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, ки пеш аз оғози кор бо Елтсин, Донской яке аз хабарнигорони варзишии ин кишвар буд.

Дмитрий Донской соли 1960 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, аз соли 1961 то соли 2006 ба ҳайси хабарнигори махсуси РИА «Новости» кор кардааст. Аз ин солҳо ӯ тақрибан 30 солашро ба мавзуҳои варзишӣ бахшидааст. Аз соли 1975 то соли 2015 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав, аз соли 2016 дар Донишкадаи аксбардории касбӣ ва ҳаваскорӣ дарс додааст.

Ӯ соли 1991 аксбардори шахсии Елтсин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *