Суръати баланди мошинҳо боиси марги се кӯдак ва як ҷавонмардро гашт

Рӯзи 3 июн дар роҳҳои Тоҷикистон 4 нафар, аз ҷумла се ноболиғ дар зери чархи мошинҳои раҳгузар ба ҳалокат расидаанд. Суръати аз ҳад баланд як сабаби асосии ҳалокати ин раҳгузарҳои бегуноҳ гуфта мешавад.

Бино ба гузориши вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯхи 3 июн соати тахминан 08;40, як сокини 33-солаи ноҳияи Данғара бо мошини тамғаи «Опел-Астра” дар роҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати Оқсӯи Данғара як кӯдаки 6-солаи сокини деҳаи Сафобахшро зер кардааст. Ин кӯдак бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар бемористон вафот кард.

Шоми ҳамин рӯзи 3 июн соати 17:30 боз ҳам дар ноҳияи Данғара як мошини «Опел-Астра” як марди 47-солаи сокини деҳаи Файзбахшро, ки бо велосипед ҳаракат мекард, зер кардааст.

Велосипедронро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурдаанд, вале табибон натавонистанд, ки ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳамчунин, 3-юми июн, тахминан соати 16:00, як сокини 29-солаи Душанбе бо мошини тамғаи «Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилӣ як пиёдагарди 14-соларо пахш кард. Ин ноболиғ дар роҳ ба беморхона аз олам чашм пӯшид.

Ва боз ҳам рӯзи 3 июн, соати тақрибан 20:30, дар роҳи байни ҷамоатҳои Чоргултеппа ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Табибон як ронанди мошини тамғаи «Портер” як кӯдаки дусолаи сокини Табибонро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ин кӯдак бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, «таҳқиқи ҳодисаҳо идома дошта, барои муайян ва дастгир намудани ронандаи автомашинаи «Портер» чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *