Сургут: Духтарчаи 12 солаи тоҷикро холааш латукӯб кард

Чуноне сомонаи Ахбор хабар медиҳад, пулиси шаҳри Сургути Русия як духтари 12-солаи тоҷикро бо аломатҳои латукӯб пайдо карда, ба зидди холааш, ки нигоҳубини ин кӯдакро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми қасдан расондани осеби миёнаи ҷисмонӣ ба саломатии кӯдаки хурдсол парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Холаи кӯдак гуфтаааст, ки захмҳои бадани вай на аз латукӯб, балки осори табобат бо усули халқӣ аст.

Дар маркази матбуоти шӯъбаи тафтишоти шаҳри Сургут рӯзи 25 октябр ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки ба зидди як зани зодаи Тоҷикистон ва хешовандони вай бар асоси қисми дуюми моддаи 112-уми Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расондани осеби миёнаи ҷисмонӣ ба саломатии кӯдаки ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати «Ахбор”, ин зан ба бадрафторӣ нисбат ба духтари 12-солаи хоҳараш, ки барои нигоҳубин ба вай додаанд, айбдор мешавад ва ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 112 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Муовини шаҳрдори Сургут Александр Пелевин рӯзи 25 октябр хабар дод, ки аз як манзил дар ин шаҳр як духтари 12-солаи тоҷикро бо аломатҳои зарбу лат пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Пелевин, ин кӯдак ду сол боз аз ҷониби холааш мавриди бадрафторӣ қарор дошт ва ахиран ҳамсояҳо дар ин бора ба пулис хабар додаанд.

Ҳамсояҳо, ки рӯзи 11 октябр ба пулис муроҷиат кардаанд, гуфтаанд, ки аз ин хона ҳар рӯз садои гиряву доду фарёди як кӯдаки хурдсол шунида мешавад, вале онҳо боре ҳам ин кӯдакро дар берун надидаанд.

Пулис бар асоси ин муроҷиат ба он манзил рафта, як духтари 12-соларо пайдо кардааст, ки ду сол боз дар даруни хона нигоҳ дошта мешуд. Вазъи саломатии ин кӯдак ба андозае бад буд, ки кормандони пулис ӯро билофосила дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Александр Пелевин дар ин робита гуфт: «Дар бадани кӯдак осеби зиёди ҷисмонӣ дида мешавад. Ҳамчунин табибон ташхис кардаанд, ки чанд қабурғаи ӯ қаблан шикастааст. Ҳоло ба вай тамоми кумаки лозими тиббӣ ва равонӣ расонда мешавад.”

Пелевин гуфт, мақомоти масъули ҳуқуқи кудак (опека) дар Сургут бори аввал ба чунин бадрафторӣ нисбат ба як кӯдаки хурдсол рӯбарӯ шудаанд.

Холаи ин кӯдак гуфтааст, азбаски ҷиянаш полиси суғуртаи тиббӣ надошт, вайро дар хона бо усули халқӣ табобат мекарданд ва ин захмҳо дар бадани ӯ осори ҳамон табобати халқӣ аст, на латукӯб.

Наталя Танева, мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак дар шаҳрдории Сургут гуфт, ин кӯдакро ду сол пеш модараш ба пеши хоҳари худ ба Сургут фиристодааст. Падари вай дар як шаҳри дигари Русия кор мекунад ва модараш бо боз 6 фарзанди дигар дар Тоҷикистон будаанд.

Наталя Танева афзуд: «Хешовандонаш латукӯб шудани кӯдакро рад мекунанд. Вале ин муҳим нест, ин қазияро пулис тафтиш мекунад. Барои мо муҳим ин аст, ки ҳаёт ва саломатии кӯдакро наҷот диҳем ва ҳолати равониашро барқарор кунем.”

Александр Пелевин, муовини шаҳрдори Сургут гуфт, баъди анҷоми табобат ин кӯдаки тоҷикро ё ба волидонаш бармегардонанд ваё ба ягон муассисаи махсуси иҷтимоӣ мефиристанд.

Волидони кӯдак гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир имкони молиявӣ барои сафар ба Сургутро надоранд.

Мақомоти Сургут аз ин қазия ҷамъияти тоҷикони ин шаҳрро низ дар ҷараён гузоштаанд. Файзулло Аминов, раиси ҷамъияти тоҷикони Сургут «Ваҳдат” гуфт, ки онҳо алакай аз ин духтар дар бемористон аёдат карда, барояш бозича ва меваҷот бурдаанд: «Мо мефаҳмем, ки ин хонавода вазъи вазнини молиявӣ дорад ва тамоми корро мекунем, то ин духтарро ба Ватан бифиристем.”

Файзулло Аминов гуфт, бо хешовандони ин кӯдак, ки ҳоло ба бадрафторӣ айбдор мешаванд, низ дар тамос шудааст. Онҳо ба раҳбари ҷамъияти тоҷикон низ гуфтаанд, ки азбаски духтар полиси суғуртаи тиббӣ надошт, вайро дар хона бо усули халқӣ табобат кардаанд. Ин усули табобат фоида накардааст ва дар бадани кӯдак захмҳои зиёде боқӣ мондааст.

Сургут дар Шимоли дури Русия, дар 3500-километрии Душанбе ва 1120-километрии шимолушарқи шаҳри Екатеринбург ҷойгир шуда, бо иқлими ба таври фавқулодда қаҳратунаш фарқ мекунад. Вале ин минтақа бо вуҷуди сардии сахташ яке аз маконҳои умдаи кору зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *